ПЛАТС-КОНСЕРТ БО СИЛОҲИ КАРАБИН. Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ 24- солагии таъсисёбии худро ботантана таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 03.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги миллӣ — 28 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 24- солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рўҳияи баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тантана таҷлил намуданд. Дар ин бора – гузориши хабарнигори АМИТ “Ховар” Мавҷуда АНВАРӢ.
Дар маросими тантанавӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон ва ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ иштирок намуданд. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ қироат намуд.
Дар Паёми табрикӣ аз роҳи пуршарафи ҷангӣ ва саҳми арзандаи афсарону аскарони Гвардияи миллӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷасорату мардонагии онҳо дар мубориза бар зидди гурўҳҳои террористӣ ёдовар шуда, таъкид гардид, ки Гвардияи миллӣ ниҳоди махсуси низомӣ аст, ки вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад. Иҷрои ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, садоқат ва муҳаббат ба ин сарзамину муқаддасоти онро тақозо менамояд.
«Афсарону аскарони Гвардияи миллӣ бояд бо интизоми қатъии ҳарбӣ, маҳорати баланди касбӣ, малакаву дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва садоқату ҷасорат намунаи ибрат бошанд. Ҳар як командир вазифадор аст, ки дар замири аскарон ватандўстиву ватанпарвариро тарбия намояд ва онҳоро маҳорату малакаи ҷангӣ омўзонад»,-зикр шудааст дар паёми табрикии Пешвои миллат.
Сипас, Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори гвардия Бобоҷон Ҷамолзода аз кумаку дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ карда, аз дастовардҳои Гвардияи миллӣ дар тӯли 24 соли фаъолият ва вазифаҳои ояндаи ҳайати шахсӣ ёдовар шуд.
Дар идома як гурўҳ хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ барои хизмати шоиста ва нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин гурўҳи дигар аз номи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардиданд. Ғолибони озмуну мусобиқаҳои фарҳангиву варзишӣ, ки ба ифтихори ҷашни Истиқлолият ва Рўзи таъсиси Гвардия гузаронида шуда буд, бо ҷоми Фармондеҳ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид.
Дар қисмати дуюми ҷамъомади тантанавӣ Баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ маҳорати ҳарбии хешро бо ҳаракатҳои мавзуни низомӣ (платс-консерт) бо силоҳи карабин намоиш доданд. Ҳайати шахсии таъйиноти махсус қобилияти ҷисмонӣ ва тайёрии ҷангии худро бо намоиши машқҳои тан ба тан дар ҳайати гурўҳ манзури меҳмонон ва ҳайати шахсӣ намуд.
Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Рўзи таъсиси Гвардияи миллӣ бо иҷро намудани суруди ифтихории Горди миллӣ ҷамъбаст гардида, дар охир афсарону аскарон тибқи анъанаи низомӣ таҳти оҳангҳои мутантани Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расми гузашти низомӣ анҷом доданд.
Ҳамчунин дар толори Гвардияи миллӣ аз ҷониби Оркестри ҳарбӣ ва дастаи ҳунармандон барномаи ҷолиби сурудҳои дилошӯб дар васфи Ватану ифтихори хизмати ҳарбӣ манзури меҳмонону ҳозирин гардид.









Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






