Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони «Мактаби махсуси зеҳнӣ» барои 640 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд

Сентябрь 17, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаи бунёди Мактаби махсуси зеҳнӣ аз наздик шинос шуда, ба корҳои сохтмони ин иншооти соҳаи маориф оғоз бахшиданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти бунёдшаванда барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Дар ҳудуди иншоот бинои таълимӣ, хонаи истиқоматии 5-ошёна барои омӯзгорон бо 60 ҳуҷра, бинои 5-ошёнаи хобгоҳ барои хонандагон бо 300 ҷойи хоб, майдони варзишӣ ва биноҳои техникию ёрирасон ҷойгир карда шудаанд.

Бо мақсади ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо намудани раванди таълим он ба 8 қисм тақсим гардидааст.

Қисми байнимеҳварӣ 3-ошёна буда, ба он аз ду паҳлу ду қисмати канории 4-ошёна пайваст мебошанд. Дар онҳо синфхона ва озмоишгоҳҳо ҷойгир карда шудаанд. Ба қисми байнӣ галереяи дусатҳа ва 2 қисми дуошёна пайваст буда, яке дорои синфхонаҳои маҳфилӣ, толорҳои хореографӣ ва гимнастика мебошад.

Бино дорои китобхонаҳои маъмулию электронӣ, толори маҷлис барои 500 нафар, толорҳои варзиш ва ҳавзи шиноварӣ бо ҷойҳои нишасти тамошобинон- ҳар кадом дорои 300 курсӣ ва андозаҳои 36 метр дарозӣ ва 22 метр паҳноӣ мебошанд. Дар таҳхонаи толори варзиш ошхона барои 250 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Дар мактаб ҳамагӣ 36 синфхона, аз ҷумла амсиласозӣ (макетсозӣ), технологияи нав ва роботсозӣ, 9 озмоишгоҳи фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқ, толорҳои гимнастикаю хореография ва дастовардҳои хонандагон, толорҳои варзишу ҳавзи шиноварӣ бо ҷойҳои нишасти тамошобинон, студияи телевизиону назорати видеоӣ муҳайё карда хоҳад шуд.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи Мактаби махсуси зеҳнӣ, ки тарҳи хоса дорад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки иншооти мазкур барои дар оянда тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ аҳамияти баланд дорад ва он тавре бояд сохта шавад, ки солиёни дароз ба мардум хизмат намояд.

Иншооти мазкур дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2021 бо ҷалби беш аз 100 нафар кормандону мутахассисони ватанӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд мегардад.

Гузоштани санги асоси сохтмони «Мактаби махсуси зеҳнӣ» барои 640 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе 17.09.2019

Сентябрь 17, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд
ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд