Рамазон Раҳимзода вобаста ба ҳодисаи лату кӯби бераҳмонаи ҷавони тоҷик аз ҷониби скинхедҳои Россия ба Владимир Колоколтсев барқия ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода вобаста ба ҳодисаи лату кӯби бераҳмонаи ҷавони тоҷик аз ҷониби скинхедҳои Россия (гурӯҳи миллатгароёни рус), ки 30 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, худи ҳамон рӯз ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев барқия ирсол намуд.
Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барқия аз В.Колоколтсев хоҳиш гардид, ки ҷиҳати сари вақт ошкор кардани ҷинояти мазкур ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон, таҳти назорати қатъӣ гирифтани тафтиши ин ҷинояти мудҳиш мусоидат намояд.
«Инчунин сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, вазифадор карда шуданд, ки бо ҳамтоёни худ дар Федератсияи Россия дар алоқа бошанд ва барои ошкор кардани ин ҷиноят кумак расонанд», — хабар доданд аз Вазорати мазкур.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин намояндаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса огоҳонида шуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» маълумоти муфассал пешниҳод мекунад.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






