Рустами Эмомалӣ аз вакилон даъват намуд, ки бо интихобкунандагон дар робитаи доимӣ бошанд

Сентябрь 20, 2019 15:43

ДУШАНБЕ, 20.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  баргузор гардид. Иҷлосия таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ сурат гирифт. Дар он масъалаҳои  ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ»,  омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, инчунин  дигар қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасии вакилон қарор гирифтанд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар Иҷлосия  ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Умед Гуреззода  «Дар бораи вазъи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар соли 2019»  шунида шуд.

Раиси шаҳри Душанбе  зимни баррасии масъалаи мазкур  ба роҳбарони мақомоти  дахлдор  дастуру супориш дод, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди кор санҷишҳои берун аз нақша ва беасоси   фаъолияти субъектҳои соҳибкориро танзим намоянд. Ҳамчунин  нисбат ба  сохторҳое, ки ба рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ монеа эҷод менамоянд, тадбирҳои муассир андешанд.

Рустами Эмомалӣ  масъулини соҳаро вазифадор кард,  ки ҷалби сармояи мустақимро  ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр тақвият бахшида, инчунин  рушди ҳамкориро   бо бахши хусусӣ  таъмин намоянд.

Раиси шаҳр инчунин   Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе»-ро  вазифадор кард, ки  фаъолияташонро  бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи истеҳсолӣ ҷоннок намояд. Дар ин замина, ба  масъулини маркази навтаъсиси «Равзанаи ягона»-и назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе  супориш дода шуд, ки  баҳри ба таври  шаффоф   ва  дар муҳлатҳои кӯтоҳ дастрас намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон  чораҳои муассир  роҳандозӣ  намояд.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи иҷлосия —  омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020  ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумазода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе М.Зувайдзода ва раисони ноҳияҳои шаҳр шунида шуд.

Раиси шаҳр вазъи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020-ро  дар шаҳри Душанбе  таҳлил намуда, ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ба  масъулини ниҳодҳои дахлдор ва раисони ноҳияҳои шаҳр супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла, Раиси шаҳр  масъулинро вазифадор намуд, ки  барои дар фасли сармо  бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои  мошингарди пойтахт, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ барои техникаю механизмҳо аз рӯи эҳтимолияти фаъолияти онҳо дар шароити аз меъёр паст омадани ҳарорати ҳаво ва сардиҳои давомнок,  пешгирии ҳолатҳои фавқулода вобаста ба фаромадани сел барои таъмини ҳолати меъёрии каналу селпартоҳо ва ҷиҳати таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар корхонаву ташкилот, муассисаву субъектҳои хоҷагидори пойтахт тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд.

Раиси шаҳр  омодагии  муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангро ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола  махсус таъкид намуд ва  масъулини бахшҳои дахлдор дастур гирифтанд, ки  фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намуда, захираи маводи сӯзишворӣ, ангиштсанг, ҳезум ва маводи озуқавориро  пурра таъмин намоянд. Ба онҳо ҳамчунин супориш дода шуд, ки  омода будани генераторҳои барқиро, махсусан дар муассисаҳои тандурустӣ таҳти назорати ҷиддӣ  қарор диҳанд, инчунин  тартиби нигоҳдории майдончаҳои варзишии ҳудуди шаҳри Душанбе,  бахусус болопӯшҳои сунъӣ ва сари вақт аз боришот тоза кардани онҳоро дар мавсими тирамоҳу зимистон таъмин намоянд.

Рустами Эмомалӣ  таваҷҷуҳи роҳбарони соҳаҳои дахлдорро ба сари вақт пайваст намудани бинову иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ ба шабакаи гармидиҳӣ равона сохта, таъкид кард, ки  баҳри омода намудани системаҳои гармитаъминкунии дохили биноҳо, сохтмони истгоҳҳои трансформатории муосир, инчунин таъмири онҳо  ва бунёди хатҳои зеризаминӣ  чораҳои бетаъхир роҳандозӣ  намоянд.

Дар иҷлосия  Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналию хусусии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки бо мақсади захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ҳамкориро бевосита бо истеҳсолкунандагон — хоҷагиҳои деҳқонӣ ба  роҳ  монда, назорати нарху навои маҳсулот дар бозорҳо ва иҷрои бечунучарои нақшаҳои захираи  маҳсулоти мавриди ниёзи аввал — картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған, шакар, ангиштсанг, ҳезум ва дигар маҳсулоти заруриро  таъмин намоянд.

Раиси шаҳр ба сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ дастур дод, ки нақшаи шинонидани гулҳои зимистонаро дар кӯчаҳои шаҳр таҳия ва пешниҳод намуда, маъракаи ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва корҳои ободонию тоза нигоҳ доштани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳоро дар мавсими сармо вусъат бахшанд.

Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.Бояд зикр намуд, ки масъулини соҳаҳои зикршуда вазифадор гардидаанд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат супоришҳои додашударо ба анҷом расонида, аз натиҷаи онҳо ба Раиси шаҳр  маълумот пешниҳод намоянд.

Рустами Эмомалӣ аз вакилон даъват намуд, ки бо интихобкунандагони худ дар робитаи доимӣ буда, дар ҳалли проблемаҳои онҳо бо мақомот ҳамкорӣ намоянд.

 

Сентябрь 20, 2019 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст