Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд

Сентябрь 25, 2019 14:37

ДУШАНБЕ, 25.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар ҳошияи Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар қароргоҳи СММ мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азулай доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвазири Тоҷикистон аз Мудири кулли ЮНЕСКО ҷиҳати иштирок дар ҷашни 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, ки дар соли 2020 баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Сентябрь 25, 2019 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад