Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот намуд

Сентябрь 24, 2019 10:32

ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  23 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси иҷлосияи кунунии Маҷмаи Умумии СММ Тиҷҷанӣ Муҳаммад-Банде вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни ду ҷониб дар ҳошияи иҷлосияи мазкур дар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» муҳокима шуданд.

Сарвазири мамлакат Раиси Маҷмаи Умумиро барои анҷом додани боздид аз Тоҷикистон дар фурсати муносиб даъват намуд.

 АСК: ВКХ ҶТ

Сентябрь 24, 2019 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид