Соли 2018 бори нахуст аз Тоҷикистон беш аз 1,1 миллион нафар сайёҳон боздид намуданд. 27 сентяб-Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ

Сентябрь 27, 2019 10:05

ДУШАНБЕ, 27.09.2019/АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси омори расмӣ, соли гузашта бори нахуст аз Тоҷикистон беш аз 1,1 миллион нафар  сайёҳон боздид намудаанд, ки нисбат ба соли 2017 қариб 724 ҳазор нафар зиёд аст.

Дар зарфи ҳашт моҳи соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 843 ҳазор нафар меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ташриф оварда, ҳамзамон 45 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуд, ки теъдоди умумии онҳо ба 190 адад расид.

Ин дар ҳолест, ки 27 сентябр  ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии сайёҳиро таҷлил менамояд. Ин сана дар саросари ҷаҳон аз соли 1979 ҷашн гирифта шуда, ҳадафаш тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ байни кишварҳо ва халқиятҳои гуногуни олам мебошад.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон буда, бо табиати зебову нотакрор, обҳои софу зулол, таъриху фарҳанги бостон ва мардуми  меҳмоннавозу некухисолаш қалби ҳазорон сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Ҳамасола садҳо нафар  сайёҳони хориҷӣ ба тамошои манзараҳои дилфиреби  табиати Тоҷикистон, хосса кӯҳҳои  сарбаафлоки Помир, ки бо номи «Боми Ҷаҳон» машҳуранд, меоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар ин замина бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳо ва захираҳои туристии мамлакат ба оламиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.

Ин аст, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Бо назардошти дурнамои густариши соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад,   дар ҷумҳурӣ мақомоти салоҳиятдори танзимкунандаи бахши сайёҳӣ — Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис  ва заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ мукаммал гардонида шуд. Таҳия ва қабули чандин санадҳои танзимкунандаи бахши сайёҳӣ, назири Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ», Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав  шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ҳамзамон аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ  ба ширкатҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуд.  Дар зарфи 5 соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нави сабукрав аз ҳамин қабиланд, ки ин раванд ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда истодааст.

Дар асоси омори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол дар мамлакат 180 меҳмонхона, 94 осоишгоҳу истироҳатгоҳ  ва 60 гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ  фаъолият намуда, ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Инчунин 40 хатсайри нави сайёҳӣ ба минтақаҳои мамлакат кушода шудаанд, ки ба рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, хусусан сайёҳии кӯҳнавардӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ,  пайдо намудани  бозорҳои  нави ҷаҳонии сайёҳӣ тадбирҳои судманд андешидааст. Аз ҷумла, сомонаи (портали) миллии сайёҳӣ бо 7 забон-  тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, испанӣ, японӣ ва фаронсавӣ фаъол буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ «Ютуб», «Фейсбук», «Инстаграмм» саҳифаи Кумитаи рушди сайёҳӣ фаъол аст. Инчунин аз ҷониби  мутахассисони соҳа 10 ҷаззобияти сафар ба Тоҷикистон барои сайёҳони дохилию хориҷӣ бо забонҳои русию англисӣ ва пахши он тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ таҳия гардидааст, ки дар самти ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ  бо кишварҳои хориҷӣ дар доираи баргузории Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» дар шаҳри Душанбе беш аз 40 санади ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ ба имзо расонидааст.

Иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва намояндагони Кумита дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии «ITB-Берлин»-и Германия, «Интурмаркет», «МИТТ» -и Федератсияи Россия, «Топ Реса»-и Франсия, «JATAҶопон» –и Япония, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Рим, «Слов Фуд» — и Италия, «Туризм ва саёҳат»-и Қазоқистон, намоишгоҳ ва Форуми тиҷоратии Осиёи Марказии Қазоқистон, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тошканд»-и Ӯзбекистон, форум ва намоишгоҳҳои байналмилалие, ки дар кишварҳои Юнон, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Қатар, Арабистони Саудӣ, Чин, Озарбойҷон ва Белгия иқтидор ва  захираҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Инчунин пресс-турҳо аз мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ барои намояндагони ВАО -и  дохилию ватанӣ таҳия гардидаанд. Шабакаҳои телевизионӣ ва дигар расонаҳои маъруфи дунё, назири «НТВ» Россия, Швейтсария, «Казах ТВ»-и Қазоқистон, «Синхуа», «ССТВ», «ИТАРТАСС», «Ал – Ҷазира», «Евронюс», «ВВС»,  «The Telegraph», «НейшнлҶеографик» ва ғайра доир ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барномаю маводи ҷолиби диданӣ таҳия  ва пахш гардонидаанд, ки аз рушди сайёҳӣ ва сарзамини сайёҳӣ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Мусаллам аст, ки тибқи натиҷаҳои соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯйи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд. Аз рӯйи раддабандӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афзоиши сафари сайёҳон ба қайд гирифта шудааст.

Маҷаллаи сайёҳии бритонии «Вандерласт» (“Wanderlust”) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар радифи 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард.

Шабакаи иҷтимоии «Глоб Спотс» («Globe Spots») Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой дод.

Нашри русии маҷаллаи маъруфи «Нешнл Ҷеографик» («National Geographic») шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намуд.

Маҷаллаи “Топ – 100” кӯҳҳои Помирро ба рӯйхати мавзеъҳои ҷолиб дохил намуд.

Нашрияи «The Independent» пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд.

Аз рӯи таҳлилҳои омори расмии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ,    Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки сайёҳии он дар ҳоли рушд аст.

Маҷаллаи сайёҳии бритонии «Wanderlust» Тоҷикистонро аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводид, аз ҷумла, навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон дар мавқеи чорум ҷой додааст.

Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

Департаменти давлатии Амрико оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.

Дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии туристии Берлин — 2018 маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи туризм дар соли 2018» баргузор гардид. Минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором ҷои аввалро сазовор  шуд.

Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 раддабандии кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишварҳои барои сайёҳони Россия маъруфтарини сайёҳии хориҷиро дар соли 2017 муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин- ТОР-50 ворид гардид.

Бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Институти таҳқиқотии иқтисод ва сулҳ (Institute of Economy and Peace) феҳрасти нави индекси кишварҳои амниятиро интишор сохт, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 зина боло рафтааст.

Рӯзҳои аввали соли 2019 нашрияи бонуфузи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба хонандагони сершумори худ барои боздид аз Тоҷикистон дар соли 2019 тавсия медиҳанд. Тоҷикистон дар ин ҳаштгона мавқеи шашумро ишғол мекунад. Тавсияи «Financial Times» ба хонандагонаш бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон воқеан бо табиати зебо ва мероси бойи қадимаи таърихию фарҳангӣ ва мардуми некухисолу меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.

Тибқи назарсанҷии сомонаи интернетии сайёҳии Destination Recomended.com, Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин хатсайрҳо дар минтақаи Осиё ворид шудааст. Ба ин даҳгона инчунин Озарбойҷон, Япония, Шриланка, Сингапур, Ҳиндустон, Чин, Индонезия низ ворид карда шудаанд.

Имрӯз Тоҷикистон ба рӯйхати мамлакатҳои амнтарини сайёра шомил шудааст. Ин раддабандиро маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабони «Global Finance» таҳия намудааст.

Арзёбии Тоҷикистон ҳамчун давлати сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи  ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки тобистони имсол Тоҷикистон дар радифи даҳ макони машҳуртарини хориҷӣ дар байни шаҳрвандони Россия дохил шуд, менависад ТАСС бо истинод ба хадамоти банақшагирии OneTwoTrip.

                                                                     Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2019 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус