Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ: «Дар шаш моҳи аввали соли равон саёҳати байналмилалӣ 4% афзоиш ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 13.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон саёҳати байналмилалӣ 4% афзоиш ёфтааст. Дар ин давра шумораи сайёҳон ба 671 миллион нафар расид, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаригардида қариб 30 миллион зиёд мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ хабар медиҳад.
Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ чунин мешуморад, ки иқтисодиёти қавӣ, парвозҳои ҳавоии мустақиму дастрас аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар рушди сайёҳӣ ва гардиши сайёҳони байналмилалӣ мусоидат намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба узвияти як қатор созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар ин замина ҳамкорӣ бо онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ қарор дод. Соли 2007 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии мамлакат ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин радиф таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои давлат ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид.
Бо назардошти дорои таъриху фарҳанги пурғановат, иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, олами набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат будани мамлакат ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, дар раддабандиҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи намоён касб намуд.
Тавре охири моҳи майи соли равон АМИТ «Ховар» хабар дод, Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҷойи аввалро ишғол намуд.
Аз рӯи раддабандӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афзоиши сафари сайёҳон ба қайд гирифта шудааст. Сафари сайёҳон дар соли 2018 190% афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин дар рӯйхати аввали раддабандӣ Эквадор (афзоиши сафари сайёҳӣ 51%), Миср (36,8%), Тувалу (35,5%) ва Уганда (31,9%) қарор доранд.
Маҳз татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи сайёҳӣ дар як замони кӯтоҳ рушд намуда, ташрифи сайёҳон ба мамлакат бештар гардид. Мустаҳкам намудани заминаҳои қонунгузорӣ, ташкили сохтори махсуси соҳавии давлатӣ, қабул ва татбиқи барномаву стратегияи миллӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукӣ ва ҷорӣ намудани раводиди электронӣ қадамҳои устуворе буданд, ки дар ин ҷода саҳми арзанда гузоштанд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи дурнамои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 то соли 2020 шумораи сайёҳони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифоваранда ба 1 млн. нафар расонида мешавад. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи пешбинии мутахассисон, сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ дар ҷаҳон то соли 2022 ба 1,6 миллиард ва то соли 2030 ба 2 миллиард мерасад.
Бино ба иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввал ба Тоҷикистон беш аз ним миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд аст.
Тавре Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода охири моҳи июли соли равон дар мусоҳиба бо мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт: «Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 1 миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд аст».
Ба гуфтаи мавсуф, саҳми соҳа дар ММД ба 2,1 фоиз ва шумораи субъектҳои сайёҳӣ ба 255 адад расонида шуд. «Даромад аз хизматрасониҳои сайёҳӣ соли 2018 214 миллиону 36 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 ба андозаи 65,2 милллион сомонӣ зиёд аст», — гуфта буд Н.Абдуғаффорзода.
Бемуҳобо, метавон ёдовар шуд, ки ин нишондиҳанда пайомади тадбирҳои дурбинонаи андешидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи рушди сайёҳӣ мебошад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ ва истифодаи неруи сайёҳии кишвар қадамҳои устувор гузошта истодааст ва соҳаи мазкур солҳои наздиктарин ба яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум табдил хоҳад ёфт».
Бо ташаббуси Пешвои миллат ширкатҳои сайёҳӣ дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида ва воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки натиҷаҳои болозикр ба даст омада, соҳаи сайёҳӣ дар ММД нақши худро гузошт.
Эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қадами наве буд, ки ба рушди сайёҳии мамлакат такони ҷиддӣ бахшид. Натиҷаи дилхоҳ ва самарабахши он буд, ки Сарвари давалт солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Муншии умумии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 чунин изҳор намуд: «Ман аз Ҳукумати Тоҷикистон барои ин ташаббуси ниҳоят муҳим баҳри тамоми ҷаҳон, ки ба мероси фарогири фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба рушди бахши сайёҳӣ, махсусан соҳаи ҳунармандии Тоҷикистон сабаб мегардад, миннатдорам… Мутмаинам, ки соли 2018 қобилиятҳои ҳунармандони Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод ва дар маҷмӯъ, дар бахши сайёҳӣ натиҷаҳои бузург ба бор хоҳад овард».
Маҳз татбиқи босамари сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки соли 2018 Тоҷикистон дар сархати раддабандиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳон қарор гирифт.
Аз ҷумла, дар ин сол, Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society»аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд. Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия дод.
Минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба садгонаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи туризм дар соли 2018» ворид ва дар Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои аввалро сазовор шуд. Тибқи назарсанҷии сомонаи интернетии сайёҳии «DestinationRecomended.com», Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин хатсайрҳо дар минтақаи Осиё дохил шуда, ба ин даҳгона инчунин Озарбойҷон, Япония, Шриланка, Сингапур, Ҳиндустон, Чин, Индонезия низ ворид карда шудаанд.
Хулоса, аз рӯи таҳлилҳои омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки соҳаи сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дорад. Яъне имрӯз аз дурдасттарин мамлакатҳои олам сайёҳон ба Тоҷикистони биҳиштосо ташриф оварда, аз фарҳангу таърихи пурғановати он боздид мекунанд.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»