Тоҷикистон ва Созмони Ҷаҳонии Гумрук ҳамкориро густариш медиҳанд

Сентябрь 13, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 13.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук доктор Кунио Микурия мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон ба ҳамкории пурсамари байни Созмон ва Тоҷикистон ишора намуда, ёдовар шуд, ки ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани зарфиятҳои низоми гумрук дар Тоҷикистон ба ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии он мусоидат карданд.

Доктор Микурия андешаҳои ҷониби Тоҷикистонро идома дода, ҳамкории Хадамоти гумруки мамлакат ва Созмони Ҷаҳонии Гумрукро бо мисолҳои мушаххас тавсиф кард.

Ҷонибҳо ба баррасии дурнамои ин ҳамкорӣ пардохта, азми росихи худро дар амри тавсеа ва густариш бахшидани онҳо, бештар истифода намудани имкониятҳои Созмони Ҷаҳонии Гумрук дар амри бозомӯзии коршиносони Хадамоти гумрук, боло бурдани сатҳи касбии онҳо  таъкид намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот барномаи боздиди қарибулвуқӯи Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук доктор К. Микурия аз Тоҷикистон, мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ва барномаҳои ҳамкорӣ мавриди гуфтугӯ ва ҳамоҳангӣ қарор гирифтанд.

Сентябрь 13, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд