Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мулоқот намуд. Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ иштирокдоронро бо 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» табрик гуфта, ба онҳо барори кор таманно намуд.
Дар навбати худ, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷик барои дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, зикр карданд, ки бо мақомоти давлатӣ пайваста ва ҳамаҷониба ҳамкорӣ карда, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.
«Гарчанде аз Ватан дурем, вале ободию шукуфоии диёри азизамонро дидаву шунида, аз ин шахсияти маъруф ва шинохта-Сарвари давлату миллати соҳибтамаддун ифтихор менамоем, ки дар чанд соли охир Тоҷикистон хеле ободу зебо шуда, ба пешравиҳои чашмрас ноил гардидааст. Мо омода ҳастем барои инкишоф ва боло бурдани нуфузи Тоҷикистони азиз саҳм гузорем»,- изҳор намуданд ҳамватанони бурунмарзӣ.
Дар фарҷоми ҷамъомад Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ ба як зумра намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Федератсияи Россия медалҳои «Барои ҳамкорӣ» ва «Ифтихорнома»-ҳо тақдим намуд.










ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






