Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулл — Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 25.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Дабири кулл-Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил»-ро, ки 16-17 майи соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон- ш. Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ, ба вижа Дафтари зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муқокима қарор гирифтанд.








Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид






