16 октябр дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск (кӯчаи Киров 17, толори ҷаласа) ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳо – аъзои Иттиҳод дар назди мақомоти ИДМ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок хоҳад кард.
Ҳамчун банди якуми рӯзнома Намояндагони доимӣ натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (Ашқобод, 10-11 октябр) ва вазифаҳои Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳо – аъзоҳои Иттиҳодро тибқи Оиннома ва дигар мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи иҷроияи ИДМ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои қабулшуда баррасӣ мекунанд.
Масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 25 октябр дар Москва баргузор мешавад, низ баррасӣ хоҳад шуд.
Лоиҳаи рӯзнома 13 масъаларо дар бар мегирад. Дар назар аст, ки дар ҳайати маҳдуд сарони ҳукуматҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор намуда, муҳлат ва макони вохӯрии ояндаро муайян кунанд. Ҷаласа дар доираи васеи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки татбиқи он, инчунин Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳо — аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо санадҳои танзимкунандаи ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи стандартизатсия, тибби байторӣ, танзими зиддиинҳисорӣ, рушди навигатсияи радиоӣ ва обёрии минтақаҳои аз истихроҷи уран зарардида ба имзо хоҳанд расид.
Ғайр аз он, сарони ҳукуматҳо ҳуҷҷатҳои марбут ба кофтукови муштараки хизматчиёни ҳарбие, ки зимни ҷанг дар Афғонистон солҳои 1979-1989 бедарак гум шудаанд, ҷустуҷӯи ҷойгоҳҳои дафн, азназаргузаронӣ, муайян кардани ҷасадҳо ва дубора дафн кардани онҳо дар ватанашон, баргузории Бозиҳои кишварҳои ИДМ ва инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳоро ба имзо мерасонанд.
Одатан, як қатор ҳуҷҷатҳои барои баррасии сарони ҳукуматҳо пешниҳодгардида ба масъалаҳои дастгирии молиявии фаъолияти мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида мешаванд.
Оид ба ҷараёни тадбиқи Нақшаи чорабиниҳои ташкилӣ ва амалӣ дар бораи омодагии ҷаласаи ШСҲ ба аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ Виталий Буско, Директори Департаменти ташкилии Кумитаи иҷроияи ИДМ маълумот медиҳад.
Ғайр аз он, намояндагони доимии ваколатдор фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нашрияҳои даврӣ, нашри китобҳо, тақсимоти китобҳо ва полиграфияро, ки моҳи июни соли 1999 таъсис ёфтааст, муҳокима хоҳанд кард.
Фаъолиятҳои асосии Шӯро ин рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нашрияҳои даврӣ, нашр ва паҳнкунии маҳсулоти китобӣ, мусоидат ба иҷрои қарорҳои қабулшудаи байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ дар ин соҳа, мубодилаи байнидавлатии иттилоот дар бораи нашрияҳои даврӣ, нашри китобҳо, паҳнкунии китобҳо ва нашриёт мебошанд. Шӯрои байнидавлатӣ инчунин фаъолияти ташкилкунандагони намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои китобҳоро, ки дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд, ҳамоҳанг месозад, бо палатаҳои китобҳои давлатҳои аъзои ИДМ ҳамкорӣ менамояд. Алӣ Элбей Акиф уғлу, раиси Шӯро, сармушовир оид ба масъалаҳои гардиши китоб ва кор бо нашриёти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин бора маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад кард.
Дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимӣ инчунин ҳамоҳангсозии номзадии роҳбари Миссияи нозирони ИДМ дар интихоботи Маҷлиси Қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳуриии Ӯзбекистон, ки 22 декабри соли 2019 таъйин аст, ба нақша гирифта шудааст.








Президенти Сингапур бо сафири Тоҷикистон мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон ба Президенти Узбекистон эътимоднома супорид
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамлаи мусаллаҳона дар марз хабар дод
Тоҷикистон нишасти намояндагони доимии Осиёи Марказӣ дар СММ-ро баргузор намуд
Таҳти раисии намояндаи Тоҷикистон ҷаласаи Шурои намояндагони доимии ИДМ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Муғулистон мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ байни Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон дар Парлумон ва Палатаи савдо ва саноати Муғулистон мулоқот анҷом дод
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Эрон доир шуд
Дар Боку ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Эрон масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид






