Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳаждаҳумин иҷлосияи сарони Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар Боку иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 октябр дар Боку Ҳаждаҳумин иҷлосияи сарони кишварҳои узви Ҷунбиши адами тааҳҳуд баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суханронӣ Хусрав Нозирӣ ба зарурати пойбандии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба принсипҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид карда, ба саҳми кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои умдаи байналмилалӣ, ба вижа дар заминаи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири ҷаҳонӣ ишора кард.
Ҷунбиши адами тааҳҳуд созмони байналмилалиест, ки 125 кишвар дар он узвият дошта, Тоҷикистон дар созмони мазкур узви нозир мебошад.
АКС: ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






