Ҷавононро мебояд ба илмомӯзӣ машғул шуда, аз амалҳои ношоиста худдорӣ намоянд-бардошт аз мулоқот бо донишҷӯён
ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён доир гардид.
Мулоқоти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, дар он сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Фирдавс Хайров, намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Ато Собирзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъулин атрофи масъалаҳои муҳим, ки ба наврасону ҷавонон рабт доранд, андешаронӣ намуданд.
Аз ҷумла онҳо аз дастгириву таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки имрӯз дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тамоми имконияту шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд ба омӯхтани илму дониш машғул шуда, аз даст задан ба ҳар гуна амалҳои ношоиста худдорӣ намоянд.
Зимни мулоқот ҳамчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба тарбияи ватандӯстӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои гурӯҳии хонандагону донишҷӯён сухан карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки то 3 декабри соли равон мулоқоти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни 36 муассисаи оливу касбии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






