БАБРИ БАРФӢ — БРЕНДИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Он имрӯз яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон ба ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад

Октябрь 23, 2019 13:27

ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ таҷлил карда мешавад.  Таърихи пайдоиши ин рӯз ба соли 2013 рост меояд, зеро маҳз дар ин сол дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми байналмилалии ҳифзи бабри барфӣ баргузор гардида, намояндагони 12 давлати ҷаҳон дар ин бора қатъномаи дахлдор қабул намуданд.  Бабри барфӣ  ҳайвони калонҷусса буда, ба оилаи гурбаҳо ва зероилаи бабрҳои барфӣ дохил мешавад.  Аз рӯи андоза ва намуди зоҳирӣ бабри барфӣ ба паланг (леопард) монандӣ дорад.  Дарозии бадани бабри барфӣ ба 100-130 см ва думаш ба 92-105 см баробар мебошад. Вазни модинаҳо 35-40 кг ва наринаҳо 45-55 кг-ро ташкил медиҳад. Косахонаи  сари бабри барфии Тоҷикистон хуб инкишоф ёфта, дарозии он аз 15,5  то 17,3 см ва паҳнойиаш  12 то 13,5 сантиметр мебошад.

Ба зикри муовини директори  Муассисаи  давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Убайдулло Акрамов, бабри барфие, ки дар Тоҷикистон ҳифз мешавад,  нисбат ба бабри барфие, ки дар қисматҳои  Ҷумҳурии Покистон, Бангладеш, Ҳиндустон ва Россия сукунат дорад, аз рӯи мавҷудияти доғҳои гирд ва паҳмии  панҷаи пойи худ фарқ мекунад.   Зеро минтақаи Тоҷикистон кӯҳсор буда,   барои дар ин минтақа ҳаракати озод  кардан, инкишофи панҷаҳои пой ба онҳо имконият медиҳад, ки озодона дар қисмати харсангзор ва ноҳамвориҳо ҳаракат намоянд.

Бабри  барфие, ки дар Тоҷикистон сукунат дорад, он дар худ доғҳои нисбатан калон дошта, то 5-7 сантиметрро ташкил медиҳад. Ҳолати мӯйина ва  маҳину ҷилодиҳандаи ин навъ дарранда нисбат  ба бабри барфие, ки дар қисматҳои Покистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳо сукунат мекунад, фарқ дорад. Ҳамаи ин ба ғизо вобастагӣ дошта, ҳолати ғизогирӣ дар Тоҷикистон баланд мебошад.

«Вақте ки инсоният бабри барфиро мавриди омӯзиш қарор дод, дар аввал  саршумори онҳо зиёд ба назар мерасид. Ҳоло бабри барфӣ дар  қисмати  ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон дар экосистемаи табиии резервати биосферии Ромит ва экосистемаи табиии Мамнуъгоҳи Дашти ҷум, Зоркӯл, қисмати  Паркҳои  табиии миллии Тоҷикистон  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Лахш ва Сангвор сукунат дорад.   Дар  қисмати экосистемаи табиии ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда  беш аз 153 сар бабри барфӣ  ҳифз карда мешаванд»,- гуфт Убайдулло Акрамов.

Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зиёд намудани саршумори бабри барфӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Аз  ҷумла, аз тарафи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба масъулин супориши қатъӣ дода шудааст, ки ҷойҳои сукунати бабри барфӣ ва  ҳаётгузаронии оҳо   ба таври васеъ муаррифӣ карда шаванд.  Зеро  имрӯз таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин дарранда зиёд буда, он яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон ба ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2019 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст