Барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и радиои «Ховар» рушди кинои тоҷикро баррасӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кинои тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тамоми бахшҳои дигар рушд намуда, дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.
Кинематографистони тоҷик дар давраи ҳозира бо ҳамкасбони хориҷии худ хеле фаъолона ҳамкорӣ намуда, филмҳои муштарак низ эҷод менамоянд. Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардум ба андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар буд ва миллатро ба худи ӯ ва ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кард. Аммо як масъалаи асосӣ ва нигаронкунанда дар ин самт ҷой дорад, ки миёни мардум пайваста суолҳои беҷавоб боқӣ мемонанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тайи чанд соли охир мардум ба филмҳои туркиву ҳиндӣ ва кореягӣ таваҷҷуҳ доранд ва барои харидани фиттаҳои нави филмҳо ҳатто то дили шаб назди дӯконҳои фиттафурӯшӣ интизорӣ мекашанд. Ба назар мерасад, ки филмҳои истеҳсоли синамогарони ин кишварҳо фазои кинои тоҷикро забт кардаанд.
Сабаб чист, ки истеҳсоли филмҳои тоҷикӣ гарчанде сол то сол рушд менамояд, аммо то ҳол бозори ҳақиқии худро наёфтааст? Мушкил дар чист-набудани сенариянависон, ҳунармандон ё маблағ?
Инҳо суолҳое мебошанд, ки дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» аз ҷониби мутахассисон, коршиносон ва ҳаводорон матраҳ мегарданд.
Шарҳи бештари ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъро дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» 16 октябр, соатҳои 09:30 (асл) 17:30 ва 20:30 (такроран) рӯйи мавҷи 101,5 Fm аз радиои «Ховар» дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Моҳинави Наврӯз бишнавед.