Барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и радиои «Ховар» рушди кинои тоҷикро баррасӣ менамояд

Октябрь 15, 2019 16:35

ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кинои тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тамоми бахшҳои дигар рушд намуда, дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.

Кинематографистони тоҷик дар давраи ҳозира бо ҳамкасбони хориҷии худ хеле фаъолона ҳамкорӣ намуда, филмҳои муштарак низ эҷод менамоянд. Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардум ба андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар буд ва миллатро ба худи ӯ ва ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кард. Аммо як масъалаи асосӣ ва нигаронкунанда дар ин самт ҷой дорад, ки миёни мардум пайваста суолҳои беҷавоб боқӣ мемонанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тайи чанд соли охир мардум ба филмҳои туркиву ҳиндӣ ва кореягӣ таваҷҷуҳ доранд ва барои харидани фиттаҳои нави филмҳо ҳатто то дили шаб назди дӯконҳои фиттафурӯшӣ интизорӣ мекашанд. Ба назар мерасад, ки филмҳои истеҳсоли синамогарони ин кишварҳо фазои кинои тоҷикро забт кардаанд.

Сабаб чист, ки истеҳсоли филмҳои тоҷикӣ гарчанде сол то сол рушд менамояд, аммо то ҳол бозори ҳақиқии худро наёфтааст? Мушкил дар чист-набудани  сенариянависон, ҳунармандон ё маблағ?

Инҳо суолҳое мебошанд, ки дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» аз ҷониби мутахассисон, коршиносон ва ҳаводорон матраҳ мегарданд. 

Шарҳи бештари ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъро дар барномаи таҳлилии «Бозтоб»  16 октябр, соатҳои 09:30 (асл) 17:30 ва 20:30 (такроран) рӯйи мавҷи 101,5 Fm аз радиои «Ховар» дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Моҳинави Наврӯз бишнавед.

Октябрь 15, 2019 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад