ЧАРО БОЯД ШАҲРВАНДОН SIM-КОРТҲОЯШОНРО БО ШИНОСНОМАИ ID АЗ НАВ БА ҚАЙД БИГИРАНД? Ҳадафи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амният ва субот дар мамлакат аст

Октябрь 14, 2019 10:53

ДУШАНБЕ, 14.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Тайи се соли охир, яъне аз оғози татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи азнавбақайдгирии SIM-кортҳои алоқаҳои мобилӣ, дар мамлакат беш аз 400 ҳолати истифодаи симкорти ғайриқонунӣ ошкор гардида, соҳибони онҳо ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд. Инчунин дар ин муддат зиёда аз 100 ҳазор симкорти ғайриқонунӣ мусодира гардид, ки беш аз 40 ҳазори он марбут ба ширкатҳои мобилии Россия мебошанд.

Ин омор дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти авзои минтақа ва ҷаҳон  оид ба таъмини амният  ва субот дар мамлакат,  инчунин  мубориза бо зуҳуроти номатлуби  ҷаҳони муосир,  хусусан ҷиноятҳои дорои хусусияти  террористию экстремистӣ ва кибернетикӣ, ки бо рушди технологияи коммуникатсионӣ  ва интернетӣ солҳои охир  афзоиш ёфтааст,  тадбирҳои саривақтӣ ва муассир меандешад. Хусусан  дар мавриди истифодаи  мақсаднок ва самараноки SIM-кортҳои алоқаҳои мобилӣ аз ҷониби шаҳрвандони  ҷумҳурӣ ва дар ин замина таъмини  амният ва субот дар ҷомеа корҳои  назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Чаро Қарори Ҳукумат тамдид гардид?

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он»   азнавбақайдгирии SIM-кортҳои алоқаҳои мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон – «корти ID» гузаронда мешавад. Тибқи ин қарор,  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор гардида буд, ки то 15 августи соли равон ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду SIM-кортро бо шиносномаҳои нав — корти ID анҷом диҳад.  Мутаассифона, то муҳлати муайянгардида тамоми шаҳрвандони мамлакат натавонистанд соҳиби шиносномаҳои ID шуда, SIM-кортҳои телефонҳои мобилии худро аз нав ба қайд  гиранд. Дар асоси Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 август аз ҷониби Раиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ба  имзо расид,   муҳлати  азнавбақайдгирии SIM-кортҳо  бо шиносномаи ID  то 15 феврали соли 2020  тамдид гардид.

Аз SIM-корте, ки  ба номи як шахс сабт аст, истифодаи  шахси дигар қатъиян манъ аст

Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон соли равон ба Кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуд, ки тибқи  он истифода аз SIM-корте, ки  ба номи як шахс сабт шудааст,   барои шахси дигар қатъиян манъ буда,  ин амал ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Дар ин росто, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳукуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода дар суҳбат ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» гуфт, ки ворид намудани тағйироту илова  ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдорро, ки ба пайвасткунии ғайриқонунии симкортҳои телефонҳои мобилӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ даст мезананд, ба танзим медароранд.

Шахсе, ки талаботи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт  ба  шабакаи алоқаи барқиро вайрон менамояд, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мегардад.

Вакили Парлумони Тоҷикистон афзуд, ки мувофиқи қисми 1 моддаи 3411-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шахс пас аз як соли татбиқи ҷазои маъмурӣ талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқиро вайрон карда бошад, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, нисбаташ ҷарима аз 600 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо татбиқ мегардад. Ҳамзамон мувофиқи қисми 2 моддаи 3411 агар симкорт барои истифода ба соҳибияти шахси дигар дода шаваду он дар ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ истифода  гардад,  нисбат ба соҳиби симкорт аз 2 то 3 сол маҳрум кардан аз озодӣ ё аз 800 то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима, таъйин карда мешавад.

Барои ноболиғони то синни 16 гирифтани SIM-корт манъ аст

Вакили Парлумони Тоҷикистон Мавлудахон  Мирзозода иброз дошт, ки пайвасткунии SIM-кортҳо  танҳо  бо шиносномаи намунаи соли 2014  ва иштироки бевоситаи худи шаҳрванд бояд сурат гирад. SIM-корт  ба дигар шахс  набояд барои истифода  дода шавад.  Операторон   набояд ба номи як шахс зиёда аз ду SIM-кортро ба расмият  дароранд. Ба шахсоне, ки ноболиғ ҳастанд, яъне   то 16- сола, гирифтани SIM-корт манъ аст. Ҳанӯз соли 2016, вақте  ки  Қарор дар бораи  ба қайдгирии SIM-кортҳо қабул гардид, тасмим гирифта шуд, ки   азнавбақайдгирӣ дар заминаи ID гузаронида шавад, аммо маълум шуд, ки шаҳрвандон наметавонанд сари вақт cоҳиби шиносномаи «ID» гарданд, бинобар ин  қарор шуд, ки шаҳрвандон аз шиносномаҳои соли 2016 тадриҷан ба ID гузаранд.

Ошкор гардидани 400 ҳолати  истифодаи SIM-корти ғайриқонунӣ

Ҳоло  дар  ҷумҳурӣ махзани ID омода шудааст ва имкон медиҳад, ки  аз истифодаи нодурусти SIM-кортҳо ҷилавгирӣ гардад. Вакили Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки солҳои  2016 — 2019 дар  натиҷаи истифодаи махзани мазкур беш аз 400 ҳолати истифодаи симкорти   ғайриқонунӣ гирифташуда  ошкор гардида, соҳибони онҳо  беш аз 2 миллион сомонӣ  ҷарима карда шуданд. Дар ин муддат беш аз  100 ҳазор  симкорти ғайриқонунӣ  мусодира гардид, ки  зиёда аз 40 ҳазори он марбут ба  ширкатҳои мобилии  Россия мебошанд.  Дар  ин росто, корти идентификатсионӣ дар шароити технологияи муосир хеле муфид аст,- таъкид менамояд вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Мавлудахон  Мирзозода. Зеро доир ба соҳиби он қариб  тамоми маълумоти зарурӣ,   аз қабили  изи ангуштони даст, маълумот дар бораи гурӯҳи хун ва ҷойи зист дар намуди электронӣ  сабт карда мешавад, ки барои ошкор кардани ҷиноятҳо, алалхусус ҷиноятҳое, ки  ба амнияти давлат нигаронида шудаанд, хеле муҳим ва зарур мебошад.

Ҳадафи қарор ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ мебошад

Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон SIM- кортҳои телефонҳои мобилӣ танҳо дар сурате ба номи соҳибаш аз нав ба қайд гирифта мешаванд, ки дорои шиносномаи нав-ID бошанд. Дар ин замина Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 апрели соли  2016   «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» қабул  ва то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид. Ҳадафи ниҳоии ин қарор пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои  номатлуб, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ, дар маҷмӯъ таъмини амният дар ҷомеа мебошад, зеро қонунгузор муҷозотро ба он хотир сахттар кардааст, ки аз терроризм ва экстремизм, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш андохтаанд,  ҷилавгирӣ гардад.

Истифодаи симкортҳои ғайриқонунӣ сабаби  сар задани ҳодисаҳои нохуш  мегардад

«Тибқи омори дақиқи  мақомоти дахлдор, амали террористие, ки 29 июли соли 2018 нисбат ба сайёҳони хориҷӣ  дар ҷануби Тоҷикистон сурат гирифт, маҳз бо истифода аз симкортҳо, ки аз тарафи ҷинояткорон  ғайриқонунӣ   ба даст оварда шуда буданд, содир гардиданд»,- таъкид менамояд вакили Парлумони мамлакат. Омӯзиши  ҳодиса ва ҷиноятҳои  бо истифода  аз SIM-кортҳои мобилӣ дар ҷумҳурӣ рухдода нишон медиҳад, ки ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ  бояд ҷавобгарии ҷиноятӣ таъйин карда шавад. Чунин муносибат  метавонад сабаби аз ҷониби гурӯҳҳои  ҷиноятпеша истифода нашудани SIM-кортҳои мобилӣ барои  амалӣ намудани мақсадҳои нопок гардад. Барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, алалхусус ҷиноятҳое, ки ба амнияти давлат халал мерасонанд,   муборизаи беамон бояд бурд. Яке аз ҷиҳатҳои мубориза — ин SIM-кортҳои худро дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад на зиёдтар аз ду SIM-кортро ба номаш гузаронад,  ба қайд гирифта, ба қонушиканӣ роҳ  надиҳанд.

Пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз суботу оромӣ манша мегирад

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳувияти баланди миллӣ дорад, бояд шиносномаи худро иваз намояд. Ӯ бо ин амали  худ кори мақомоти қудратиро низ осон мекунад, зеро шиносномаи ID қариб тамоми маълумоти  заруриро дорад ва дар сурати  сар задани ҷиноят ин барои аниқ кардани шахсияти ҷинояткор заминаи зарурӣ мешавад, — таъкид кард вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон  Мирзозода.  Мавриди зикр аст, ки дурнамои раванди сабти SIM-кортҳо  бо ID –кортҳо барои пойдории суботу амният дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Зеро пешрафту шукуфоии Тоҷикистон  маҳз аз оромӣ ва пойдории  суботи сартосарӣ сарчашма мегирад.

                                                Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

Октябрь 14, 2019 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст