Дар болои дарёи Ванҷ боз як пули мошингузар бунёд мегардад

Октябрь 14, 2019 11:09

ХОРУҒ, 14.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Потоби Ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ барои рафтуомад ба деҳаи ҳамсоя, ки ҳамагӣ 3 километр роҳро дар бар мегирад, ба сабаби мавҷуд набудани пули мошингард маҷбуран чанд деҳаро давр мезананд.

Сокини ин деҳа Ҳимматбек Сайфуллоев гуфт, ки «аксари муассисаҳои иҷтимоию тандурустӣ, аз ҷумла, роҳи мошингузар байни маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳоти водии Ванҷи боло дар он тарафи соҳили рӯдхона ҷойгиранд. Аввали солҳои шастуми асри гузашта дар болои ин рӯдхона ба таври ҳашар пули пиёдагард сохта буданд, аммо бар асари обхезӣ ва боронгариҳо ин пул комилан хароб гардид. Дар фасли зимистон кӯдакон ҷон ба каф гирифта, аз болои пул ба таълимгоҳ мераванд. Барои интиқоли молу коло сокинони деҳа маҷбуранд аз пули мошингузари деҳаи ҳамсоя, ки  3 километр дур аст, истифода баранд».

Барои ҳалли ин мушкилӣ сокинони деҳа ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, ба дархости худ посухи мусбат гирифтанд. Бунёди пули мазкурро ба уҳдаи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ гузоштаанд.

Ҷамияти масъулияташ маҳдуди «Аҳмадиён» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ба сохтмони ин пул оғоз кард. Устои роҳсоз Суҳбадор Ҷебаев гуфт, ки то имрӯз 90 фисади корҳои сохтмониро анҷом додаанд ва то даҳаи дуюми моҳи ноябр пули мазкурро ба истифода хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки дар се соли охир дар ноҳияи Ванҷ  ду пули мошингузар ва як пули пиёдагард мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Октябрь 14, 2019 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад