Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва олимону мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни конференсия ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода доир ба саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат сухан гуфт.
Инчунин иштирокчиёни ҳамоиш доир ба мавзӯъҳои «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу субот, амнияти миллӣ ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ», «Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон аз дидгоҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон», «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – посдори таърих ва эҳёгари арзишҳои миллӣ», «Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои Пешвои миллат дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Пешвои миллат ва масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир» маърӯзаи илмӣ намуданд.








Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






