Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баргузор мегардад

Октябрь 2, 2019 15:06

ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  3 октябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баргузор мегардад. Дар ҷаласаи мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Абишев иштирок мекунанд.

Дар ҳамоиш масъалаҳо оид ба рушди ҳукумати электронӣ, табдилдиҳии рақамӣ ва телетиб таҳлилу баррасӣ мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 бо ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» оид ба рушди ҳукумати электронӣ, табдилдиҳии рақамӣ ва телетиб созишнома ба имзо расонида буд.

Ҳамчунин  Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли равон байни ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» ва  Маркази ҷумҳуриявии саломатии электронии Ҷумҳурии Қазоқистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонид, ки  ҳамкорӣ тибқи модели шарикии давлат ва бахши хусусӣ рушд меёбад. Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо вазорати ин мамлакат ташкил ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравиро оғоз намуд.

Ёдовар мешавем, ки Олжас Абишев роҳбарии Трансформатсияи рақамӣ (CDO)-ро  ба уҳда дошта, он соли 2018 ҳамчун беҳтарин идораи рақамӣ эътироф карда шудааст.

Таҳти роҳбарии  мавсуф солҳои охир Ҷумҳурии Қазоқистон татбиқи системаҳои иттилоотии тиббиро 100 фоиз таъмин намуд ва ҷараёни гузариш ба идоракунии беэътимоди маълумоти тиббӣ оғоз гардидааст.

Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Харитаи роҳ» барои татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмил додани системаи иттилоотии идоракунии тандурустии мамлакатро барои солҳои 2018-2020 ва барои татбиқи аввали он, инчунин рушди трансформатсияи рақамии соҳаи тандурустиро таҳия намудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласа пагоҳ  соати 14:00 оғоз мегардад.

Октябрь 2, 2019 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд