Дар Душанбе вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистонро баррасӣ намуданд

Октябрь 30, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 октябр дар Душанбе ҷаласаи 30-юми Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба Афғонистон аз кишварҳои узви СААД, кормандони Котиботи Созмон, инчунин намояндагони Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ ва Кумитаи Иҷроияи сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо зарурати идомаи раванди таҳкими тадбирҳо аз ҷониби кишварҳои узви СААД дар самти Афғонистонро дар асоси дуҷониба ва дар сиғаи ҳамоишҳои байналмилалии тахассусӣ таъкид карданд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Октябрь 30, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна