Дар ноҳияи Балҷувони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштин баргузор мегардад

Октябрь 21, 2019 14:03

ДУШАНБЕ, 21.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2-3 ноябр дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо байни наврасони солҳои таваллудашон 2002 – 2004 баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври маҳаллии мусобиқаи мазкур 14 сентябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир  шуда, даври минтақавӣ ва вилоятии он 6 октябр бо доираи васеи варзишгарон баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкурро Собирҷон Сулаймонов сардоварӣ намуда, дар он варзишгарон аз дастаҳои Хатлон 1, Хатлон 2, Душанбе 1, Душанбе 2, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок менамоянд.

Дар даври ниҳоӣ варзишгарони навраси мамлакат барои мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин давр иштироки 64 нафар варзишгар дар назар дошта шудааст. Дар охир  ғолибони мусобиқа имкони иштирок дар мусобиқаву чемпионатҳои байналмилалиро пайдо мекунанд.

Октябрь 21, 2019 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид