Дар Қоҳира густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид

Октябрь 2, 2019 13:31

ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар Қоҳира муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Вазири сайёҳии Ҷумҳурии Арабии Миср Рониё ал-Машшот дидор ва гуфтугӯ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин замина мусоҳибон бар аҳамияти барқарор намудани робитаҳои мустақим байни ниҳодҳои расмӣ ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Миср таъкид намуданд.

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, ки қарор аст дар Қоҳира оғоз ёбад, баргузор шуд.

АКС: ВКХ ҶТ

 

Октябрь 2, 2019 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид