Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт баргузор мегарданд

Октябрь 11, 2019 10:02

ДУШАНБЕ, 11.10.2019. /АМИТ  «Ховар»/. Аз 15 то 18 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт баргузор мегарданд.

Дар ҷараёни баргузории ин Рӯзҳо аҳли фарҳангу ҳунари Давлати Кувайт барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишгоҳи китоб, аксу мусаввараҳо ва базми шеърро манзури тамошобинони тоҷик менамоянд.

Маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябр, соати 17:00, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.

Ҳамчунин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати расмии мулоқот анҷом медиҳад.

Дар чаҳорчӯби баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ намоиши мусаввараҳои рассомони кувайтӣ, аксҳо доир ба таърихи муносибатҳои дипломатӣ, намоиши филми мустанади синамогарон, барномаи консертии муштарак,  Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони кувайтиву тоҷик  доир мегардад.

Дар назар аст, ки дар доираи сафар меҳмонон аз шаҳри Норак, ноҳияи  Варзоб, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи «Парчами миллӣ», «Кохи Наврӯз» ва дигар мавзеъҳои таърихию фароғатии шаҳри Душанбе дидан намоянд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти соли 1995 барқарор шудаанд.

Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт 24 июни соли 2013 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт расман ифтитоҳ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба соли 1995 аз  Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд. Зимни ин сафарҳо Сарвари давлат бо Амири Давлати Кувайт Шайх Аҳмад ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.

Соли 2017 дар Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 28 марти соли 2016 дар  Кувайт намоиши барномаҳои консертӣ, аксҳо, ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дасти ҳунармандон ва хӯрокҳои миллиро баргузор намуд.

Октябрь 11, 2019 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид