Кондуктори бадгуфтори мусофиркашони хатсайри №2 ҷазо гирифт

Октябрь 15, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 15.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар  шаҳри Душанбе нисбат ба  кондуктори мусофиркашони хатсайри №2 (микроавтобуси тамғаи Мерседес-Спринтер, аломати қайди давлатиаш 5553 ТТ 05), истиқоматкунандаи кӯчаи А. Ҷомии пойтахт Наврӯз Назарови 28-сола, дар асоси далелҳои овардашуда  бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5  шабонарӯз таъйин  гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  12 октябр  сокини шаҳри Душанбе   Мавлуда Талбакова  дар  шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ба  мақомоти милитсияи пойтахт   муроҷиат намуда,  дархост  кардааст, ки нисбат ба  кирдорҳои дағалонаи кондуктори номбурда дар доираи қонунҳои амалкунанда тадбир андешида шавад. Чунки Н.Назаров  зимни фаъолияти мусофиркашонӣ  дар  хатсайри №2 бо дашному суханҳои қабеҳ  шаъну шарафи  духтари 16-солаи ӯро, ки аз кондуктор  баргардонидани 3 сомонӣ бақияи маблағи роҳкирояшро талаб намудааст,  паст задааст.

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиати мазкурро  мавриди баррасӣ қарор доданд. Тибқи баёноти Н.Назаров,  муайян гардид, ки  номбурда  дар ҳақиқат дар ҳолати асабоният  ба  мусофири нақлиёти ҷамъиятӣ – ҷавондухтари 16 — сола суханҳои қабеҳ зада, нисбат ба ӯ беэҳтиромӣ зоҳир намудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки амалу кирдорҳои номатлуби ин кондуктор мавриди интиқоди шадид ва вокуниши сахти корбарону истифодабарандагони соманаи иҷтимоии «Фейсбук» қарор гирифта,  шаҳрвандон  аз милитсия дархост намуданд, ки ин масъала мавриди санҷиши ҳамҷониба қарор дода шавад.
Ҳарчанд РВКД  дар шаҳри Душанбе борҳо аз  чунин рафтори ғайриоинномавӣ, ҳаракатҳои майдаавбошона ва муносибати дағали ронандагону кормандони нақлиёти мусофиркашонӣ  бо мизоҷон гузоришҳо пешниҳод намудааст, ҳанӯз ҳам ёфт мешаванд  кормандони ин соҳа, ки зимни адои вазифаи ҷамъиятӣ ба дағалгуфторӣ роҳ дода, нисбат ба  мусофирон  беҳурматӣ зоҳир ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро поймол месозанд.

Раёсати мазкур ҷиҳати пешгирии ин ҳолатҳо минбаъд низ  амалиёти профилактикӣ гузаронида, нисбат ба вайронкунандагони қонун тадбир меандешад.

Октябрь 15, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пагоҳ Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мешавад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа​ оид ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш доир шуд