Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021-2022 ва натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2019 баррасӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки қисми даромади умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 млрд сомонӣ, хароҷоти он 26,4 млрд. сомонӣ ва касри он ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат барои соли 2020 ё ба маблағи 349,5 млн. сомонӣ муқаррар карда шуд.
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар афзалият дода шуда, дар соли 2020 барои ин соҳаҳо масраф намудани 11,7 млрд сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31 миллиард сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷоти он мутаносибан ба маблағи 29,1 миллиард сомонӣ ва дар доираи 31,5 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Прзиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро барои амалӣ намудани чорабиниҳое, ки дар буҷети соли 2020 пешбинӣ шудаанд, вазифадор карданд.
Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала қабул гардид.
Дар идомаи маҷлис гузориши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021 — 2022 шунида шуд.
Таъкид карда шуд, ки ҷалби қарзҳои беруна тибқи афзалиятҳои муайянгардида ба роҳ монда шуда, харҷи самараноки ин маблағҳо таъмин гардад.
Дар бораи таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2022-2023 гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Шаҳритуз — маркази ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон раисони ноҳияҳо Зариф Назирӣ ва Ғаффор Ҷабборӣ гузориш доданд.
Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ҳисобот дод.
Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ва Дар бораи «Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт» гузориши Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода шунида шуд.
Дар кори маҷлис аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як зумра қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Дар охир баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастурҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими сармо, захираи маводи хӯрокӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷалб карданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






