Марҳабо ба «Боғи Ирам». Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Иди Меҳргон таҷлил мегардад

Октябрь 18, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 19 октябр, дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Дар ин бора котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Дар тантанаи мазкур дастранҷи  кишоварзон аз гӯшаву канори мамлакат, намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техникаҳои кишоварзӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта  мешавад.

Ҳамчунин дар ҷашни мазкур намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 зимни таҷлили ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гуфта буданд: «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки он ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз боқӣ монда, ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».

Бояд гуфт, ки ҳамасола Меҳргон дар саросари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон- ҷашни  ом, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод мебошад. Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ будааст.

Дар моҳи меҳр Офтоб ба бурҷи Мизон қарор мегирад. Ба бурҷи Мизон даромадан ва то аз он баромадани Офтоб 1 моҳ-аз 23 сентбр то 23 октябрро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар Иди Меҳргон мардум рӯйи хон меваҳои тару тоза мегузоштаанд, ки ҳар кадомаш рамзеро доро буд, аз қабили шакар — ширин гузаронидани умр, хурмо–серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ, норгил ё чормағз–сахт будани тан ва сермағзӣ, ҷавзи ҳиндӣ–пурборӣ, муруд–хушии зиндагӣ, пуртоқатӣ ва серборӣ, ҷоми тиллоӣ–шаҳомат, покӣ, баракат, анор–серфарзандӣ ва равғани зайтун–хушбӯйӣ мебошад.

Дар даврони истиқлолият Иди Меҳргон  аз нав эҳё гашта, ҳукми иди миллиро сазовор гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷашни Меҳргон пагоҳ, соати 10:00 оғоз гардида,  аз ҷониби санъаткорон таҳти унвони «Замзамаи Меҳргон» барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон мегардад.

 

Октябрь 18, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд