Муҳимтарин маъракаи сиёсӣ-ҷамъиятӣ — даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар саросари мамлакат бо баргузории маросими тантанавӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 10.10.2019. /Амит «Ховар»/. Аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳамагӣ 10 рӯз сипарӣ гардида бошад ҳам, дар ин муддат даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ 45% иҷро гардидааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод.
Ба иттилои номбурда, дар миёни шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳама пешсаф буда, аллакай рӯзҳои аввал ин маъракаи муҳими сиёсӣ анҷом пазируфта, ба 110% расонида шуд. Дар Суғд ин маъракаи муҳими сиёсӣ қариб 60%, вилояти Хатлон — 32%, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 46%, ноҳияи Лахш — 100%, ноҳияи Нуробод 100 — %, шаҳри Роғун — 100 %, ноҳияи Сангвор — 100%, ноҳияи Тоҷикобод ва шаҳри Душанбе қариб 48% иҷро гардидааст.
Қобили зикр аст, ки даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин маъракаҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, он дар саросари мамлакат бо баргузории маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҷараён мегирад.
Ба иттилои Ориф Нозимиён, бо зарурати иҷрои вазифаи муҳими шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани эҳсосу ифтихори ватандӯстии ҷавонон, ҳамасола моҳҳои апрел ва октябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи даъватшаванда ё маъракаи оғози даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ таҷлил карда мешавад.
Соли равон низ ба ин муносибат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маросими бошукӯҳ ташкил гардиданд.
“Натиҷаи солҳои қаблӣ ва ҳозир гардидани ҷавонон дар рӯзҳои аввали даъват ба комиссариатҳои ҳарбӣ нишон доданд, ки ташкилу гузаронидани маъракаҳои пешаздаъватӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, дарки масъулияти хизмати ҳарбӣ, шаъну шарафи он ва дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ аз ҷониби сохтору идораҳои масъули даъват ва намояндагон аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа амали воқеӣ ва басо ҳам зарурӣ буда, омили пеш аз муҳлат ба иҷро расидани нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ гардидаанд”,- афзуд Ориф Нозимиён.
Ҳамин тавр, маъракаҳои даъватӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маром ҷараён дошта, ҷавонони синнашон ба хизмат расида ҳамарӯза ба комиссариатҳои ҳарбии минтақаи хеш ҳозир шуда, омодагии худро баҳри хизмат ба халқу Ватан ва якпорчагии Тоҷикистон иброз медоранд.
Ин ҷавонаскарон дар ҳама қисмҳои низомии Артиши миллии мамлакат, аз ҷумла дар ҳама ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дар фазои дӯстиву бародарӣ, якдигарфаҳмӣ, садоқат ба халқу Ватан ва ҳифзи ҳама дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ хизмат намуда, барои онҳо беҳтарин шароити дарсу тамрин муҳайё гардонида шудааст.
Аз ҷумла, дар ҳама қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи мамлакат мувофиқ ба талаботи ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ ё худ наваскарон синфхонаҳои таълимӣ, мавзеъҳои омӯзишии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, ошхона, хобгоҳ, китобхона, хонаи дастурӯйшӯӣ, майдончаҳои варзишӣ, мавзеъҳои махсуси суҳбатороӣ, хонаҳои дидорбинии волидони сарбозон ва дигар шароити зарурӣ муҳайё карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки муҳайё гардидани ҳама шароити муносиб ба талаботи ҳарбӣ маҳз самараи даврони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати боз ҳам ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити зарурӣ дар қисмҳои низомӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиикстон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ аз 1 октябри соли равон даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»









Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти амният тақвият медиҳанд
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид






