Муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба давраи зимистон омодаанд? Барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и «Радиои Ховар» ин мавзӯъро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. То фарорасии фасли зимистон ҳамагӣ як моҳ боқӣ мондааст. Аз ин рӯ соҳаҳои иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, хусусан муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиро зарур аст, ки сари вақт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 омода шаванд.
Ҳанӯз моҳи марти соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» ба тасвиб расида буд. Ҳамчунин 30 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат ба ниҳодҳои дахлдор вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ, кишти тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ дастуру супоришҳо доданд.
Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур бо масъулини муассисаҳои таҳсилоти пойтахт ва бархе шаҳру навоҳии мамлакат ҳамсуҳбат гардидем.
Баррасии ҳама паҳлӯҳои мавзӯи мазкур дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» 23 октябр, соати 09:30 ва (такроран) 17:30, 21:30 аз «Радиои Ховар». Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.