Муовини Дабири кулли Кувайт ва ҳайати фарҳангии ин давлат аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ ва ҳайати фарҳангии ин давлат аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол намуда, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони арабӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Сайри осорхонави меҳмонон аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» оғоз гардида, бо тамошои дигар толорҳои намоиши Осорхона, аз қабили «Асри санг», «Саразм», «Оини Зардуштӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Юнону Бохтар», «Кушониён», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа» ва «Сомониён» гузаронида шуд.
Яке аз муҳимтарин нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо номи «Меҳроби Искодар» таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ бештар ҷалб намуд, ки бузургтарин меҳроби чӯбини олам мебошад.
Зикр гардид, ки «Меҳроби Искодар» мансуб ба асрҳои IХ-Х буда, аз чӯби тӯс ва бе истифода аз меху ширеш сохта шудааст.
Ҳамчунин экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунад, ба меҳмонон писанд омад.
Муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.
Ёдовар мешавем, ки сафари муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ ва ҳайати расмии ин давлат дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 18 октябр идома меёбад.








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






