Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо муовини Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ху Чунхуа мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар шаҳри Пекин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар Ҳафтумин Форуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Чунхуа вохӯрӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, аз ҷумла таъмиқи ҳамкорӣ дар доираи «Камарбанд ва роҳ» муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо ба татбиқи минбаъдаи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада аҳамияти хоса дода, таҳкиму густариш ёфтани ҳамкории амалии Тоҷикистону Чинро дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории дар баррасии ҳарду ҷониб қарордошта муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






