Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Раиси Бунёди Роҳи абрешим Сие Дуо мулоқот намуд

Октябрь 16, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 16.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар шаҳри Пекин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба Чин бо Раиси Бунёди Роҳи абрешим /Silk Road Fund/ Сие Дуо вохӯрӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин институти молиявӣ ва иштироки он дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба густариши робитаҳои судманд дар ҳошияи «Камарбанд ва роҳ» изҳори назар намуданд. Таъкид бар он карда шуд, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки ин ташаббусро дастгирӣ намудааст ва аввалин шуда, дар доираи он бо Ҷумҳурии Мардумии Чин се санади ҳамкорӣ ба имзо расонидаст.

АКС аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

 

Октябрь 16, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид