ҶОМИ ҶАҲОН-2019: дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бар Камерун ғалаба кард!

Октябрь 29, 2019 07:45

ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии даври гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2019 бар дастаи Камерун бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, садрнишини гурӯҳи «Е» гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Голи ягонаи бозиро Шарифбек Раҳматов аз ҷаримаи 11-метра (пеналтӣ) ба нишон расонид.

Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Испания ва Аргентина бо ҳисоби мусовӣ — 0:0 анҷом ёфт.

1 ноябр наврасони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Испания ва Аргентина бо Камерун бозӣ мекунанд.

Ҳамин тавр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол баъди даври аввал бо 3 имтиёз садрнишини гурӯҳи «Е» гардид.

Ҷоми ҷаҳон-2019 миёни наврасони то 17-сола аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия баргузор мегардад.

 

Октябрь 29, 2019 07:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд