Раиси вилояти Хатлон ба соҳибони аттестати аъло 30 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар намуд

Октябрь 9, 2019 09:44

БОХТАР, 09.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар ҳафт соли охир дар вилояти Хатлон 3 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод бо аттестати аълои равиявӣ ва медали тилло сарфароз гардиданд.

Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои дастовардҳои шоён дар таҳсил ва бо аттестати аълои равиявӣ (аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ) ва медали тилло хатм кардани муассисаи таълимӣ дар соли 2019 ба хатмкардагони литсейи давлатии №1-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Фурқат Давлатмуродзода, гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб»-и ноҳияи Муъминобод Аниса Сатторова ва Рамзия Саъдуллоева мукофоти пулӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 30 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Ин ҷоизаҳои пулиро ба соҳибонашон муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар вазъи тантанавӣ супорид.

Инчунин директорони Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Ҳамадонӣ Абдулҳафиз Мисралиев ва Гимназияи давлатии “Боғи Ҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод Ҳабиб Қурбонов бо мукофоти ҳавасмандсозӣ ба маблағи се ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 сентябр минбаъд ҳар сол ба кормандони соҳаи маориф, ки 5 соли охир дар муассисаҳои соҳаи маориф ва таҳсилоти умумии вилоят фаъолият намуда, ба дараҷаҳои илмии доктори илм ва номзади илмҳо сазовор мегарданд, мукофотпулӣ дода хоҳад шуд.

Ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Октябрь 9, 2019 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд