С. Лебедев: Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар ҷаласаи Москва консепсияи рушди рақамиро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва консепсияи ҳамкорӣ оид ба рушди рақамии ҷомеа баррасӣ мешавад. Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев зимни посух ба саволи мухбири БЕЛТА 16 октябр ба хабарнигорон чунин гуфт.
25 октябр дар Москва ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад. Лоиҳаи рӯзнома 13 масъаларо дар бар мегирад. Дар назар аст, ки дар ҳайати маҳдуд сарони ҳукуматҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор кунанд ва санаю ҷои нишасти ояндаи онҳоро муайян кунанд. Ҷаласа дар доираи васеи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки татбиқи он, инчунин Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳо — аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ба гуфти Сергей Лебедев, консепсия ҳуҷҷати хеле муҳим буда, аз рӯи аҳамиятнокӣ он дар ҷои аввал меистад. Пешбинӣ мешавад, ки Вазири рушди рақамии Россия Константин Носков сухан хоҳад гуфт.
«Ин афзалияти рушди иқтисодии тамоми кишварҳои ИДМ мебошад. Ман нав аз Ашқобод баргаштам ва дар ин бора суҳбатҳо буданд, гарчанде ки ин мавзӯъ дар рӯзнома набуд, аммо дар чаҳорчӯби онҳо дар ин бора суҳбат мекарданд, гуфт Сергей Лебедев. — Фикр мекунам, ки ин консепсия ба таҳкими ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ мусоидат мекунад».
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо санадҳои танзимкунандаи ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи стандартизатсия, тибби байторӣ, танзими зиддиинҳисорӣ, рушди навигатсияи радиоӣ ва обёрии минтақаҳои аз истихроҷи уран зарардида ба имзо расанд.
Ғайр аз он, сарони ҳукуматҳо ҳуҷҷатҳои марбут ба кофтукови муштараки хизматчиёни ҳарбиеро, ки зимни ҷанг дар Афғонистон солҳои 1979-1989 бедарак гум шудаанд, ҷустуҷӯи ҷойгоҳҳои дафн, азназаргузаронӣ, муайян кардани ҷасадҳо ва дубора дафн кардани онҳо дар ватанашон ва ғайраҳоро ба имзо мерасонанд. Одатан, як қатор ҳуҷҷатҳои барои баррасии сарони ҳукуматҳо пешниҳодгардида ба масъалаҳои дастгирии молиявии фаъолияти мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида мешаванд.
ДАР АКС: ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ш. Қазон, Федератсияи Россия. 26 майи соли 2017 / Акси Кумитаи иҷроияи ИДМ
ҒАЙР АЗ ИН…
18 октябр дар Москва ҷаласаи гурӯҳи коршиносон доир ба баррасии пешниҳодҳо ва эродҳои кишварҳои узви ИДМ оид ба лоиҳаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи нақлиёт барои давраи то соли 2030 баргузор мешавад.
23-24 октябр дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон барои такмил ва мувофиқаткунии лоиҳаи Стратегияи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2021–2030 доир мегардад
23 октябр дар Москва ҷаласаи Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи тиҷорати озод дар соҳаи хизматрасонӣ баргузор мешавад
24 октябр дар Минск машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар ташкилотҳои бисёрҷонибаи Аврупо, дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ бо НАТО ва масоили амнияти Аврупо, дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар САҲА баргузор мегардад»
25 октябр дар Москва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор мешавад
30-31 октябр дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаҳои Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Нақшаи чорабиниҳои муҳим оид ба татбиқи он баргузор мегардад.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






