Саноатикунонии босуръат дар мамлакат! Боз ду корхонаи нави истеҳсоли шифер ба фаъолият оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати мамлакат дар нуҳ моҳи соли равон ду корхонаи нави истеҳсоли шифер-ҶДММ «Сомоншифер» дар шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Анас Одина» дар шаҳри Ҳисор моҳи сентябри соли 2019 ба истеҳсоли шифер оғоз намуданд.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, моҳи сентябри соли равон ҶДММ «Сомоншифер» дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестиро мавриди истифода қарор дод. Корхонаи мазкур ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ (49,2 ҳазор дона шифер) маҳсулот истеҳсол намудааст. Дар он 68 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва музди меҳнати доимӣ таъмин гардиданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, ҶДММ «Сомоншифер» бо сармоягузории ширкати «Кусто Групп»-и Ҷумҳурии Қазоқистон навсозии таҷҳизоти технологии ин корхонаро бо маблағгузории 300,0 ҳазор доллари ИМА ба анҷом расонид.
Мавриди зикр аст, ки ин корхона дар гузашта яке аз корхонаҳои пуриқтидори истеҳсоли шифер ба ҳисоб рафта, бо сабабҳои рақобатпазир набудани маҳсулоташ аз соли 2010 инҷониб фаъолият намекард.
Инчунин моҳи сентябри соли 2019 корхонаи нав – ҶДММ «Анас Одина»-и шаҳри Ҳисор низ ба истеҳсоли шифер оғоз намуд. Корхонаи мазкур 9,4 ҳазор дона шифер ба маблағи 351,1 ҳазор сомонӣ истеҳсол намуда, 15 нафарро бо ҷойи кор таъмин намудааст.
Маҳсулоти истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ 7 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият мекуннад, ки онҳо дар шаҳрҳои Душанбе (2-то), Ҳисор (2-то), Хуҷанд (2-то) ва ноҳияи Ёвон ҷойгиранд.
Дар нуҳ моҳи соли равон 816,0 ҳазор дона шифер ба маблағи 25,4 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст.








Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст






