Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва роҳҳои нави мутобиқгардонии он ба низоми байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 08.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Меҳвари асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сиёсати «дарҳои боз» ташкил дода, ин мафҳум пайваста дар Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад. Ин нуктаро имрӯз директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави ҷаҳонӣ: дурнамо ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави мутобиқгардонии он ба низоми байналмилалӣ» дар Душанбе доир гардид, иброз дошт.
Зикр шуд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу таҳкими давлати Тоҷикистон ва ҳимояи манфиатҳои миллии он аз аҳамияти муҳим бархӯрдор мебошад. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди дигаргуниҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат мушаххас намуда, ба ҷараёни мутобиқшавии мамлакат ба равандҳои ҳамгироӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақили бисёрсамтаро, ки ба талаботи манфиатҳои олии давлатӣ ва миллӣ ҷавобгӯст, ба роҳ монда, муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судмандро бо кишварҳои гуногуни олам пайгирӣ ва татбиқ менамояд. Хусусан сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон давраҳои асосии ташаккулро аз сар гузаронида, марҳила ба марҳила ба як мактаби бузурги усулманд, суфта ва коркардшудаи сиёсии ташаккулёфта табдил ёфтааст.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати «дарҳои боз» аст, дар зарфи 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дуруст ва манфиатовар будани худро собит намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар доираи сиёсати хориҷии «дарҳои боз» ҳамкории мутақобилан судмандро бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон, назири ИДМ, Чин, Эрон, Иттиҳоди Аврупо, Амрико, кишварҳои арабӣ ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ густариш дод.
Инчунин баргузории чандин чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар масъалаҳои глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонро солҳои охир ба ташвиш андохтаанд, аз қабили масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим, экстремизм ва терроризм, маводи мухаддир ва ғайра ба баланд гардидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ муосидат намуд.
Мусаллам аст, ки чор ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об аз ҷониби СММ пазируфта шуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ҷалб намуд.
Гуфта шуд, ки солҳои охир низоми байналмилалӣ хусусияҳои нав касб карда, таҳдиди хатарҳои ҷиддиро ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои ҳаётан муҳими давлат эҷод менамояд. Дар ин росто, дар манзараи геополитикии сайёра ҳодисаҳои нави сиёсию иқтисодӣ ба вуқӯъ омадаанд, ки сабаби дигаргуншавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар солҳои оянда хоҳанд гашт. Аз ин рӯ, бо назардошти ин омилҳо бознигарӣ ва коркарди роҳҳои нави мутобиқгардонии сиёсати хориҷии мамлакатро ба ин равандҳо бояд анҷом дод,- таъкид гардид дар ҳамоиш.
Ҳамзамон дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ дар мавзӯи «Вазъ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон», намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Умед Назаров доир ба «Ҷанбаҳо ва дурнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мушовири директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар масъалаи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷаҳони ислом: аз эҳсос то амалгароӣ» ва дигар олимону сиёсатшиносон дар мавзӯъҳои «ИДМ ҳамчун созмони ҳамгироии минтақавӣ дар татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- муайянкунандаи рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ» ва «Дипломатияи фарҳангӣ ва гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» сухан карданд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба роҳу усул ва имкониятҳои нави мутобиқсозии Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳаввулот ва равандҳои муосири ҷаҳонӣ табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.