Таърих, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар шаҳри Новокузнетски Россия намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 12.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10-уми октябр то 10-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемеровои Федератсияи Россия намоиши фарҳангӣ аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон бо номи «Тоҷикистон — таърих, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ» доир мегардад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарг Боқиева хабар медиҳад, ки намоишгоҳи мазкур ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии вилояти Кемерово дар шаҳри Новокузнетск «Дӯстии Тоҷику Рус» ва бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Россия, Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Россия дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти шаҳри Новокузнетск ва тоҷикони ин минтақа баргузор мешавад.
Дар оғози намоиш филми мустанад дар бораи таърих, фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаҳои тамошобоби Тоҷикистон, мардуми тоҷик манзури бинандагон гардонида шуд. Дар намоиш гулдӯзиҳо, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, китобу маҷаллаҳо, гаҳвора, ашёҳои рӯзгор, аксҳои ҷойҳои таърихии миллату давлати тоҷикон, таомҳои гуногун, кулчаву ҳалво ва дигар шириниҳои миллии тоҷикӣ, меваҳои хушк ва тару тозаи Тоҷикистон ба маъраз гузошта шудааст.
Раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск Шавкат Тоҳиров дар ҷараёни кушодашавии ин намоиши фарҳангӣ изҳор дошт, ки омадани меҳмонони зиёд барои боздид аз ин намоиш бори дигар далолат аз он медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба таъриху фарҳангӣ миллати тоҷик зиёд аст. Аз ин лиҳоз, сайёҳоне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон сафар кунанд, аввал кӯшиш менамоянд то аз расму оин, таъриху тамаддун, ҳунару фарҳанг ва маконҳои сайёҳии мо огоҳ шаванд, сипас роҳ ба сӯйи Тоҷикистон пеш гиранд.
«Мақсади мо ҳам ҳамин аст, ки зарфи як моҳ тамоми сокинону меҳмонон ва дигар сайёҳоне, ки ба вилояти Кемерово меоянд, аз ин намоиш дидан кунанд, ҳаёти имрӯзи кишвари моро, ки дар расму мусаввараҳо таҷассум ёфтаанд, бубинанд ва бо ба даст овардани маълумоти зиёд меҳмони Тоҷикистон бигарданад», — илова намуд ӯ.
Дар чорабинии ифтитоҳии намоиш таърихшинос ва мудири шуъбаи фарҳанги Ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск Маҳмадкарим Абдураҳимов ба ҳозирин дар бораи таъриу фарханги миллати тоҷик маълумот дод.
Шоири ҷавону умедбахш ва сардори бахши ҷавонони ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск Дилшоди Рамазонӣ баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки «маҳз тавассути чунин намоишҳои фарҳангӣ ва пешниҳоди дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ, дигар миллатҳо бештару хубтар бо таърихи бою рангини гузаштаву имрӯзи мардуми мо ошноӣ пайдо карда, эҳтиромашон ба халқи мо бештар мегардад ва ин албатта дар тақвияти дӯстии миллатҳои тоҷику рус, ҳамчунин дигар халқиятҳои муқими ин минтақаи Россия нақши муҳим дорад».
Ёдовар мешавем, ки намоиши фарҳангӣ аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон бо номи «Тоҷикистон — таърих, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ» дар толори фарҳангии ба номи «Маяковский» воқеъ дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемеровои Россия ҷараён дорад.


















Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад






