Ташхисгарони тиббӣ – судӣ барои талаби 10 000 доллари амрикоӣ ҳамчун пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ташхисгари тиббӣ – судии шуъбаи байниноҳиявии шаҳри Турсунзода У.Н. ва Ф.Ҳ. -ро барои талаби 10000 доллари амрикоӣ ҳамчун пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид.
Тавре аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вобаста ба ҳолати тамаъҷӯӣ 19 сентябр шаҳрванд «А» бо ариза ба шуъбаи минтақавии агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор муроҷиат кардааст. Номбурда дар аризааш навиштааст, ки «нисбат ба экспертҳои тиббӣ – судӣ У.Н. ва Ф.Ҳ. тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд. Чунки ин нафарон аз ӯ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писари додараш, ки нисбат ба ӯ бо моддаи 139, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, маблағи 10000 доллари ИМА талаб карда истодаанд».
Дар асоси муроҷиати шаҳрванд «А» худи ҳамон рӯз нисбат ба У.Н. ва Ф.Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) — и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ — тафтишотӣ У.Н. баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 7000 доллар дастгир шудааст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






