Татбиқи тарҳи «Digital CASA дар Тоҷикистон» ба рушди иқтисодиёт ва инфрасохтори рақамӣ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 31.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи тарҳи «Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кумак хоҳад кард. Ин матлабро муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс баён дошт.
Ҷамолиддин Нуралиев бо дахли ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи «Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои рушди иқтисоди рақамӣ дар мамлакат муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр кард, ки татбиқи ҳадафмандона ва босамари лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат барои давлати мо, балки барои тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад. Аз ин сабаб, он бояд бо назардошти хусусиятҳои хоси иқтисодиёти минтақа роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни ташкили Маркази татбиқи лоиҳаи «Digital CASA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мусбати Бонки ҷаҳонӣ дар амалисозии ҳамин гуна лоиҳаҳо дар мамлакатҳои дигар ба инобат гирифта шавад. Зеро ташкили Маркази пуриқтидори татбиқи лоиҳа имконияти назорати амалиёти рақамиро дар сатҳи зарурӣ фароҳам месозад.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз ҳамкории сатҳи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсиф намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон дар самти амалигардонии ин тарҳ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ян-Петер Олтерс зикр намуд, ки Тоҷикистон барои мукаммал гаштани муҳтавои лоиҳаи мазкур ва механизми амалигардонии он корҳои зиёдро анҷом дода, дар ин самт миёни кишварҳои минтақа пешсаф аст.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа зиёд кардани дастрасӣ ба шабакаи Интернети босуръат дар ҷумҳурӣ, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст мебошад. Инчунин татбиқи ин тарҳ амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилу тавсеаи тиҷорат ва татбиқи ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд.
Мусоҳибони дигар масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи «Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бурду бохти он ва роҳҳои бартараф намудани монеаҳои ҷойдоштаро баррасӣ намуданд. Татбиқи тарҳи мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки хати шабакаи интернети босуръатро якбора аз чанд самт — шарқ – Чин, ғарб- Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ба ҷумҳурӣ ворид намояд, ки он сабаби таъминоти устувори Интернет мешавад.
Рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи «Digital CASA» ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё: Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иқтисодиёти рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, фароҳам овардани имконият барои истифода аз хизматрасониҳои рақамии босифат аз ҳадафҳои муҳими ин тарҳ маҳсуб меёбад.










Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд






