Тоҷикистон дар раддабандии «Doing Business 2020» 20 зина боло рафт

Октябрь 24, 2019 16:29

ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар раддабандии умумии «Пешбурди тиҷорат 2020» («Doing Business 2020») 20 зина боло рафта, миёни 190 кишвари дунё мақоми 106-умро касб кард. Тоҷикистон дар раддабандии соли гузашта дар зинаи 126-ум қарор дошт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ки имрӯз, 24 октябр нашр шудааст, иттилоъ медиҳад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки қарори қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи маҳдудиятҳои буҳронии фазои соҳибкорӣ натиҷаҳои аввалини худро дод.

Ҳамчунин дар он омадааст, ки ислоҳоти гузаронидаи соли гузашта ба Тоҷикистон имкон дод, ки ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар дар самти пешбурди тиҷорат дохил шавад.

«Аввалан, дар Тоҷикистон рақами мушаххаси иҷтимоӣ ба шаҳодатномаи бақайдгирии ширкат дохил карда шуд. Дуввум, дастрасӣ ба қарзҳо тавассути ворид кардани феҳристи ягонаи муосири гаравҳо дар асоси огоҳинома беҳтар карда шуд. Севвум, содироти молҳо тавассути муайян кардани афзалиятҳои барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти зудвайроншаванда сода гардонида шуд», — зикр шудааст дар гузориш.

Пас аз ин, Тоҷикистон аз 100 имтиёз 61,3 хол ба даст оварда, қадами бузурге ба боло- ба зинаи 106-ум дар дунё гузошт.

Роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс оид ба болоравии мавқеи мамлакат дар раддабандии «Doing Busines 2020» ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки дар заминаи ҳадафҳои мақсадноки рушд ва имкониятҳои бавуҷудояндаи савдо, Тоҷикистон дарк намуд, ки беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ барои корхонаҳои хурду миёна барои сармоягузорӣ, инноватсия, ташкили ҷойҳои корӣ ва сафарбаркунии устувори захираҳои дохилӣ роҳ мекушояд.

«Татбиқи минбаъдаи ислоҳот бо ин суръат ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки барои тавсеаи фаъолияти бахши хусусӣ, муайянкунии содирот ва суръати динамикии рушди устувору ҳамаҷониба замина гузорад», — гуфт Ян-Питер Олтерс.

Имсол ба даҳгонаи пешсафон аз рӯи сабукии пешбурди тиҷорат Зеландияи Нав, Сингапур, Ҳонконг (Чин), Дания, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Гурҷистон, Британияи Кабир, Норвегия ва Шветсия шомиланд. Одатан дар ин давлатҳо тартиботи бақайдгирии онлайни корхонаҳо ва таҳвили амвол, инчунин платформаи электронии пешниҳоди эъломияҳои андоз ҷорӣ мебошад.

Дар ин раддабандӣ инчунин Покистон дар ҷойи 108-ум, Миср дар ҷойи 114-ум, Бразилия дар ҷойи 124-ум, Аргентина дар ҷойи 126-ум ва Эрон дар ҷойи 127-ум қарор гирифтанд.

Гузориши «Пешбурди тиҷорат» пажӯҳиши солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки сабукгардонии пешбурди тиҷоратро дар 190 кишвар бар асоси 10 нишондиҳанда арзёбӣ мекунад.

Гузориш аз соли 2003 инҷониб таҳия шуда, одатан тирамоҳ нашр мегардад. Аз соли 2005 инҷониб дар гузориш раддабандии давлатҳо дар самти сабукгардонии пешбурди тиҷорат вуҷуд дошта, аз соли 2006 инҷониб кишварҳо аз рӯи нишондодҳо низ арзёбӣ мешаванд.

Октябрь 24, 2019 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад