Забарҷад — намоди Меҳргон ва рамзи ҷовидонӣ, мардонагӣ, хирадмандӣ ва саховатмандӣ

Октябрь 19, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тадқиқот дар боби гоҳномаи ориёҳо нишон медиҳад, ки дар қадим ду ҷашни муътабар буд- яке Наврӯз, ки дар аввали моҳи тобистон ид мешуд ва сари сол аз тобистон оғоз мегирифт, дуюм ҷашни Меҳргон буд, ки дар оғози зимистон дар Даймоҳ ҷашн мекарданд. Мардуми ориёинажод дар қадим ду фасли солро мешинохтанд — тобистонро бо номи Ҳама ва зимистонро бо номи Зана. Ин матлабро доктори илми таърих, профессор, узви вобастаи  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфшо ЁҚУБОВ зимни як нигориши худ тавсиф намудааст. Дар идомаи он омадааст:

Юсуфшо ЁҚУБОВ

Фаслҳои солро ба чунин бахш тақсим намуда буданд — ҷашни Наврӯзро ба саршавии баҳор, Тиргонро ба аввали тобистон ва Меҳргонро ба аввали тирамоҳ. Ҷашни саршавии зимистон ба Даймоҳ рост меояд ва онро ид намекарданд. Бинобар ин, агар Наврӯз ҷашни оғози кишту кор бошад, пас Меҳргон ҷашни ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи сол мебошад.

Ҷашни Меҳргон 16-уми Меҳрмоҳ- рӯзи ҷуфт шудани моҳ ва рӯз бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешуд.

Ривоятҳои таърихӣ дар бораи Меҳргон зиёданд. Мувофиқи гуфтаи муаллифи «Бундаҳишн», Каюмарс- аввалин инсон 40 сол дар замин зиндагонӣ намуд ва ба муқобили қувваҳои бадӣ мубориза бурд ва ниҳоят ҳалок шуд. Худованд тухмаи ӯро бо нур пок намуд ва баъди 75 рӯз бобои одам- Мошён ва момои одамон- Мошиёна ба дунё фиристода шуданд, то дар замин тухмаи худро паҳн намоянд ва насли имрӯза аз онҳост. Ин ҳодиса дар рӯзи Меҳргон рӯй дода буд.

Дар ин моҳ Фаридун бар Биварасп-Заҳҳоки морон пирӯз шуд ва ӯро дар ғори бепоён дар кӯҳҳои Хуросон партофт ва болояшро қиррезӣ кард. Ва баъди 1000 сол тахти ориёӣ боз ба насли Ҷамшед- ба Фаридун бозгашт. Дар ин бора Фирдавсии бузург мегӯяд:

Ба рӯзи хуҷаста бар Меҳру моҳ,
Ба cap барниҳод он каёникулоҳ.

Бифармуд то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоиву хӯрдан ойини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳу Меҳр,
Бикӯшу баранҷ ҳеҷ манмой чеҳр.

Ривоят мекунанд, ки Замин пур аз инсонҳо ва чорпоён шуда буд ва Худованд дар ин моҳ онро густариш доду бузург намуд. Ривоятҳои дигар низ ҳастанд.

Меҳргон омад ба хидмат, шаҳриёро, назди ту,
Дар миёни бӯстон бикшод ганҷи шойгон.

Масъуди Саъд

Дар ин рӯз либоси фохир, арғувонӣ мепӯшиданд ва шоҳон тоҷи мудаввари мушаъшаъ ба cap мегузоштанд, зеро Митра- Худованди фурӯғ ва рушноӣ мебошад ва тоҷи мудаввари мушаъшаъ дорад.

Дастархони Меҳргон нисбат ба Наврӯз ғанитар буд. Дар Наврӯз дар панҷ рӯзи аввал хӯроки гӯштӣ мумкин набуд, зеро бе ҷой намудани ҳайвонҳо манъ буд. Дар Меҳргон даҳҳо чорпоёни бузургу хурд кушта шуда, хӯрокҳои гӯштӣ мепухтанд. Дар ин ҷашн гов, асп, шутур, гӯспанд, бузро бутун ва 9 бахш карда, кабоб менамуданд ва ҳар кас мувофиқи хоҳиши худ ҷойи интихоб кардаашро мехӯрд.

Ҳамчунин ба дастурхон меваҳои гуногун, аз қабили ангур, себ, анор, нок, мурут, нашпотӣ, харбуза, тарбуз ва майҳои гуногуни чандинсола нигоҳдоришуда гузошта мешуданд. Ҷашнро дар дарбор мубади мубадон шодбош мегуфт. Ӯ дар даст лиму, шакар, нилуфар, себ, як хӯшаи ангури сафед ва 7 дона нок (мурут) мегирифт ва дар назди шоҳ мегузошт ва ӯро бо фаро расидани ин ҷашни бузург ва фаровонии сол табрик мекард.

Дар ин рӯз ба гуфтаи Страбон, галаҳои аспони ориёӣ ба шоҳон ва бузургон тақдим мешуданд. Дар ин рӯз ҳамаи андозҳои давлатӣ ҷамъ ва супорида мешуданд.

Хусусияти туҳфаҳои қимат нигинҳои тиллогин ё ашё бо санги забарҷад буд. Санги забарҷадро Худованд дар ин рӯз офаридааст барои зинати Меҳргон, яъне рамзи Меҳргон. Рамзи хирадмандӣ, дифоъ аз ҳасудон, чашми бад, оромкунанда буда, бовариро меафзояд.

Бо ривояти Салмони Форс, дар замони Сосониён мардум эътиқод ба он доштанд, ки Худованд ёқутро барои зинат дар рӯзи Наврӯз ва забарҷадро дар  Меҳргон офаридааст. Ин ду идро бар идҳои дигар фазилат бахшидааст, тавре ки ёқуту забарҷадро бар дигар сангҳо. Охири ҷашни Меҳргон 21-ум буд. Дар вақти хӯрок хӯрдан гап намезаданд.

Зардушт фармудааст, ки тамоми рӯзҳои Меҳргон бузурганд, аз ин рӯ шоҳони ориёӣ тамоми 30 рӯзи моҳро ид менамуданд. Ҳар панҷ рӯзро бар табақаҳои иҷтимоӣ тақсим мекарданд. Панҷ рӯз ба шоҳзодагон, панҷ рӯз ба мубадон, панҷ рӯз ба барзгарон, панҷ рӯз ба бозаргонон, панҷ рӯз ба размиён, панҷ рӯз ба бузургон.

Ин ид то андозае бузург буд, ки истилои араб онро натавонист аз миён бибирад. Тавре ки аз сарчашмаҳо маълум мешавад, дар замони Сомониён ва баъди онҳо Ғазнавиён ва Салҷуқиён то истилои муғул дар тамоми Тоҷикзамин- аз Осиёи Сағир то марзи Тибет ин ид бо шукӯҳу шаҳомати пешин ҷашн гирифта мешуд.

Намоди Меҳргон забарҷад аст, ки онро рамзи ҷовидонӣ, оромкунанда, нигоҳдоранда аз чашми бад меҳисобанд. Забарҷад рамзи мардонагӣ, хирадмандӣ, саховатмандӣ шуморида мешавад.

Пас эҳё намудани ин ид дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бе асос нест. Зеро бузургиву шаҳомати Меҳргон аз аҷдодони гузаштаи чандҳазорсолаи мост.

Октябрь 19, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад