ЗАНОНУ МОДАРОН – БОНУВОНИ ХОНАДОН, ХУШБАХТИИ ЗАМИНУ ЗАМОН, НУРБАХШИ ТАМОМИ ҶАҲОН! Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Форуми ҷумҳуриявии занон дар Душанбе

Октябрь 9, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 09.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе  таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори Роҳбар» —  Роҳбари Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Озода Раҳмон  дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа» Форуми ҷумҳуриявии занон баргузор гардид. Дар кори он хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН ширкат намуд.

Дар форуми мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, Раиси Кумитаи кор бо занон  ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Идигул Қосимзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода,  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, олимону муҳаққиқони ҷавон, занони барӯманди ҷумҳурӣ, намояндагони ҷавони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва донишҷӯдухтарон иштирок намуданд.

Дар оғози форум Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода  зикр намуд, ки имрӯз занон ва ҷавондухтарони  тоҷик бо истифода аз шароити созгори фароҳамовардаи давлат дар ҷомеаи навини тоҷик соҳибмақом гардида, бо масъулияти зиёд арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар ҷамъият тарғиб менамоянд. Дар асл ободиву суботи ҷомеа аз оилаи солим вобастагӣ дошта, ҷавҳари ободии ҳар хонадон аз сатҳи маънавиёту маърифати зан- модар сарчашма мегирад.

«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ масъалаи занонро алоҳида  баррасӣ менамоянд. Аз ин рӯ бо дастури Сарвари давлат дар ҳама сохтору мақомоти давлатӣ тавассути  муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо аз сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то зинаҳои болоӣ духтарону бонувони бомаърифат, фаъолу ташкилотчӣ ва пешқадам ба кор ҷалб гардида, фаъолияти занону духтарон дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ тавсия бахшида шуд. Тамоми тадбирҳои андешида гувоҳи онанд, ки нақш ва мақоми занону ҷавондухтарон  дар рушди суботи ҷомеа муҳим арзёбӣ гардида,  онҳо дар ҳама соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол доранд»,- гуфт номбурда.

Сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода иброз намуд, ки зан- модар бонуи ҳар як хонадон, хушбахтии замину замон ва нурбахши тамоми ҷаҳон аст. Дар замони муосир зан- роҳбар, сиёсатмадор, иқтисодчӣ, ҳамсар ва модари меҳрубон дар оила аст.

Бино ба зикри номбурда,  қабул гардидани даҳҳо санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ дар тӯли истиқлолият аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат занон зери таваҷҷуҳи хоссаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 25 фоизро духтарону занон ташкил медиҳанд.

«Имрӯз бонувони тоҷик дар баробари саҳм доштан дар раванди созандагиҳои мамлакат инчунин дар сатҳи ҷаҳон мавқеи назаррас касб карда, ҳамчун фарзанди миллати тоҷик масъалаи ҳассоси байналмилалиро мудирият мекунанд. Инҷо барои намуна метавон номи мубораки муҳтарам Озода Раҳмонро зикр намуд, ки чанде қабл ба ҳайси   Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори Роҳбар» пазируфта шуданд»,- гуфт  муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки ин маснади воло на танҳо ба шахсияти муътабар Озода Раҳмон, балки барои ҳар як бонуи ҷумҳурӣ мояи ифтихор аст. «Мавриди зикр аст, ки аз лиҳози  қонунгузорӣ дар Тоҷикистон тамоми заминаҳо барои пешрафти маънавию рӯҳии занон фароҳам шудааст. Агар вазъияти имрӯзаро бо давраи қабл аз истиқлолияти давлатӣ муқоиса кунем, маълум мешавад, ки бо ташаббуси Президенти маҳбубамон чӣ корҳои муҳиму мондагоре дар ҳаёти бонувон анҷом дода шудаанд. Солҳое буд, ки барои таъйини бонувон ба ин ё он вазифа Ҳукумати мамлакат кадрҳои ангуштшумор дошт. Ҳатто дар баъзе мавридҳо кадрҳои муносиб пайдо намешуданд. Хушбахтона, имрӯз бо ташаббуси Сарвари давлат дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бонувон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ворид шуда, барои пешрафти Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд», — гуфт  муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.

Бино ба ибрози Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан-модар муайян карда мешавад. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд бо қарорҳои марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 қабул гардида, имрӯз ба тадриҷ мавриди  амалӣ қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи мо аҳамияти калон дорад. Дар  ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллат нақши сазовор гузоштаанд. Низомҳо дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан — модар, ки ҷавҳари ӯро меҳру муҳаббат, самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, дар ҳама вақт неруе боқӣ мемонад, ки инсоният ба ӯ эҳтиёҷ  дорад.

Ёдовар мешавем, ки  Форуми ҷумҳуриявии занон   дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа»  имрӯз то соати 17:00 идома ёфта, дар қисмати дуюми он мавқеи занону ҷавондухтарон дар зинаи идоракунии давлатӣ, сабабҳо ва роҳу усулҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти мамлакат, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва нақши бонувон дар рушди илм ва инноватсия мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор мегирад.

АКСҲО аз Тоҳири Саид/АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ