ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Фарҳоди Абдуназар дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо маблағи 200 000 сомонӣ майдончаи варзишӣ бунёд кард

Ноябрь 16, 2019 12:58

ДУШАНБЕ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода, муовини раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамзамон муовини роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Усмон Қаландаров  як зумра  иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла, майдончаи варзишӣ, дорухона, нуқтаи шустушӯйи мошинҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда,  2,6 км роҳи мошингарди  деҳоти Гулободи ҷамоати Меҳнатобод мумфарш гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, майдончаи варзишӣ барои футболи хурд аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Фарҳоди Абдуназар ба маблағи 200 000 сомонӣ сохта шудааст. Ҳамчунин бинои дорухона аз тарафи соҳибкори дигари ноҳия Муҳаммадҷон Ҷурахонов ва нуқтаи шустушӯйи мошинҳо аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Машраб Сафаров ба маблағи 19 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода саҳми соҳибкорони ноҳияро дар рушду шукуфои Тоҷикистон хуб арзёбӣ карда, зикр намуд, ки “мояи хушнудист, ки имрӯз дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти  замонавӣ мавриди баҳрабадорӣ қарор гирифтаанд ва хурсандии сокинони ноҳия ҳадду канор надорад”.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёд ва навсозии 196 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ноябрь 16, 2019 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид