Афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ. Маҷлиси намояндагон Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» — ро қабул намуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022-ро қабул намуданд.
Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар ҷаласа Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили мардумӣ Тоҳир Ҷобирзода сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки дар таҳияи Буҷети давлатӣ афзалиятҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида ба инобат гирифта шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки нишондиҳандаҳои лоиҳаи Буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ асоснок карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба маблағи 26 млрд. 054,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардид, ки ба 29,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 26 млрд. 403,5 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 30,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст. «Яъне ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ соли 2020 ба 11 млрд. 730,3 млн. сомонӣ баробар буда, нисбат ба буҷети соли 2019 1 млрд. 146,3 млн. сомонӣ ё ин ки 12,3 фоиз афзоиш ёфта, 44,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад», — иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон.
Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2020 буда, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ соли 2021-ум 28 млрд. 635,6 млн. сомонӣ ва соли 2022-ум 30 млрд. 983,1 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки мутаносибан ба 29,2 ва 28,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Дар иҷлосия инчунин як зумра масъалаҳои муҳим баррасӣ гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






