Афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ. Маҷлиси намояндагон Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» — ро қабул намуд

Ноябрь 22, 2019 14:15

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022-ро қабул намуданд.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ  «Ховар»  иттилоъ дод, масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар ҷаласа Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили мардумӣ Тоҳир Ҷобирзода сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки дар таҳияи Буҷети давлатӣ афзалиятҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида ба инобат гирифта шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки нишондиҳандаҳои лоиҳаи Буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ асоснок карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба маблағи 26 млрд. 054,0  млн. сомонӣ пешбинӣ гардид, ки ба 29,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 26 млрд. 403,5 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 30,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст. «Яъне ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ соли 2020 ба 11 млрд. 730,3 млн. сомонӣ баробар буда, нисбат ба буҷети соли 2019 1 млрд. 146,3 млн. сомонӣ ё ин ки 12,3 фоиз афзоиш ёфта, 44,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад», — иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон.

Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2020 буда, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ соли 2021-ум 28 млрд. 635,6 млн. сомонӣ ва соли 2022-ум 30 млрд. 983,1 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки мутаносибан ба 29,2 ва 28,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  баробар мебошад.

Дар иҷлосия инчунин як зумра масъалаҳои муҳим баррасӣ гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ноябрь 22, 2019 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
БАРНОМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор шуд