Ҷаласаи навбатии сайёри раисони парлумони давлатҳои узви СААД дар Душанбе баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.11.2019./АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии сайёри раисони парлумони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус зимни ҷаласаи сайёри навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД, ки 5 ноябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардид, қарори дахлдор қабул шуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласаи сайёри навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров иштирок намуд.
«Баргузории ҷаласаи мазкур далели равшани ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзои СААД буда, ғояи асосии онро муттаҳидӣ ва якдигарфаҳмӣ ташкил медиҳад»,- зикр намуд Шукурҷон Зуҳуров.
Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур раисони парлумонҳои давлатҳои узви созмон масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.
Раиси кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба мудофиа Владимир Шаманов оид ба натиҷаҳои кори ҷаласаи сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Комиссияи доимии ин Созмон оид ба мудофиа ва амният, ки 28 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, сухан карда, ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд муҳайё намудани шароити мусоид изҳори минатдорӣ кард.
Иштирокчиёни масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ ва оид ба онҳо қарори дахлдор қабул намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






