«Авесто Гурӯҳ» фаъолияти худро оид ба истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 13.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» фаъолияти худро оид ба истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш тақвият мебахшад. Дар ин хусус имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон қарори дахлдор қабул намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, имрӯз зимни ҷаласаи мазкур вакилони мардумӣ Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати «Улашим» («Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»)-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш ва таъсиси Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода зимни шарҳи ин масъала дар назди вакилон зикр намуд, ки Созишнома моҳи августи соли 2018 ба имзо расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мақсади Созишномаи мазкур ба роҳ мондани истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш дар дохили мамлакат мебошад.
Корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як сол бунёд гардида, моҳи марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Арзиши умумии лоиҳаи сармоягузории корхона ва Маркази хизматрасонии техникӣ 20 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки Корхонаи муштараки «AKIA AVESTO» бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ монда, он бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати мамлакат ва мусоидат таъсис дода шудааст.
Зимнан, зиёд намудани маҳсулоти воридотивазкунанда яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мақоми хос дорад. Инчунин дар мамлакат барои амалӣ намудани сиёсати соҳавӣ Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 татбиқ шуда истодааст.
«Дар 10 моҳи соли равон Корхонаи муштараки «AKIA AVESTO» 72 адад автобуси 12-метраро барои талаботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсол намуда, ин шумора то охири соли равон ба 100 адад расонида мешавад», — иттилоъ дод Шараф Шерализода.
Бояд гуфт, ки дар корхона 215 нафар корманд фаъолият карда, аз онҳо танҳо ду нафар мутахассисони хориҷӣ мебошанд.
Таъкид гардид, ки қисмҳои асосии автобусҳои бандубаст ва истеҳсолшаванда тавлиди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, муҳаррики он истеҳсоли Ширкати «Мерседес Бенз» мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.
Директори иҷроияи ширкати «Авесто гурӯҳ» Зафар Бурҳонзода дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон гуфт: «Дар оянда мо ният дорем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монем».
Зикр гардид, ки фаъолияти корхонаи муштарак дар муддати як сол ба таври назаррас ба роҳ монда шуда, касбияту малакаи мутахасисони маҳаллӣ ба дараҷае расидааст, ки шарикони туркӣ онҳоро ба кор даъват намуданд.
«Ҳоло 90 фоизи қисмҳои эҳтиётии автобусҳои дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда аз хориҷи мамлакат ворид шуда истодаанд. Дар оянда мо кӯшиш намуда истодаем, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони худ истеҳсоли қисмҳои эҳтиётиро дар дохили мамлакат ба роҳ монем»,- афзуд мавсуф.
Зикр гардид, ки тафовути арзиши автобусҳо назаррас буда, арзиши миёнаи он дар мамлакатҳои минтақа 132 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
«Арзиши миёнаи автобусҳое, ки дар дохили Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, ба 110-115 ҳазор евро баробар мебошад. Ин аз ҷиҳати арзонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ манфиатовар арзёбӣ мегардад», — гуфт Зафар Бурҳонзода.
Дар ҷаласа як зумра масъалаҳои дигар низ баррасӣ шуданд.








Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд
Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ баргузор гардиданд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд






