Ба шарафи Рӯзи Президент дар ноҳияи Рашт 10 иншоот ба истифода дода шуд
РАШТ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ноҳияи Рашт бо иштироки сокинону меҳмонон 10 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои мутахассисони идораи меъмории ноҳияи Рашт, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Шаҳрисабзи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум аз ҳисоби шахсони саховатпеша, 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Тагобаи Ҷамоати деҳоти Тагоба ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Қазноқи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Амирбеки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх аз тарафи соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Варзигони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода аз тарафи соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ, 3 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои маъюб аз тарафи соҳибкори саховатпеша Муҳиб Бобоҷонов, майдончаи варзишӣ дар ҷамоати шаҳраки Ғарм аз тарафи Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва майдончаи варзишӣ дар деҳаи Шулонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх аз тарафи соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Се бинои иловагии муассисаҳои таълмии мазкур дорои 560 ҷойи нишаст дар як баст, кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла кабинети физика, химия, биология ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири илмомӯзию касбомӯзӣ мебошанд.
Дар ноҳияи Рашт корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъати тоза касб намуда, бо маром ҷараён доранд.
Нақшаи чорабиниҳои таҳиянамудаи ноҳия дар ин самт аз 274 банд иборат буда, аз ин 19 банд ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва 255 банд ба бунёди сохтмони иншоот тааллуқ дорад. То ҳол 148 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 54 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Аз шумораи 255 иншооти ба нақша гирифташуда 52 иншоот ба соҳаи маориф, 27 иншоот ба соҳаи варзиш, 36 иншоот оид ба таъмир ва барқарорсозии роҳҳо, 19 иншоот ба сохтмони биноҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ, 22 иншоот ба хатҳои оби нўшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, 44 иншоот ба биноҳои маркази савдо, меҳмонхона, таваққуфгоҳ, нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурўши сўзишворӣ, аз ҷумла 12 адад ба корхонаҳои нави истеҳсолӣ, 14 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 26 иншоот соҳаи иҷтимоӣ ва 4 лоиҳа ба соҳаи барқтаъминкунӣ тааллуқ доранд.








Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»






